Фазилати “لا اله الا الله”

 Фазилати “لا اله الا الله”

Фазилати “لا اله الا الله”

Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Ислом бар панҷ чиз бино шудааст: гувоҳӣ додан ба “ لا إله إلا الله وأن محمدًا رسول الله”, (яъне ин, ки “маъбуди барҳаққе ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст,” барпо доштани намоз, додани закот ва анҷом додани ҳаҷ ва доштани рӯзаи моҳи Рамазон».(Ривоят аз Бухорӣ аст)

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Беҳтарин чизе, ки ман ва соири Паёмбарони пеш аз ман гуфтаанд: “لا اله الا الله وحده لا شریک له، له الملک و له الحمد و هو علی کل شیء قدیر”, (нест маъбуди растине ҷуз Аллоҳ, Ӯ ягонаи яктост ва ҳеҷ шарике надорад, подшоҳӣ аз Ӯст ва ситоиш Ӯрост ва Ӯ бар ҳар чиз қодиру тавоност».
(Ривоят аз Тирмизӣ аст)

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:

«Онгоҳ, ки замони марги Паёмбари Худо, Нӯҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фаро расид, ба фарзандаш гуфт: ман туро ба гуфтани “أن لا إله إلا الله “ амр мекунам, зеро агар ҳафт осмон ва ҳафт замин дар як палаи тарозӯе ниҳода шаванд ва “لا إله إلا الله” дар палаи дигар, ин пала сангинтар хоҳад шуд ва агар ҳафт осмон ва ҳафт замин дар ҳалқаи дарбаста бошанд, “لا إله إلا الله” ҳалқаро боз мекунад».
(Имом Бухорӣ дар китоби Адабулмуфрад ривоят кардааст)

“لا إله إلا الله” калимаест, ки Аллоҳи мутаол барои он биҳиштро ороста ва оташро шуълавар сохтааст ва бозори некиҳо ва бадиҳо барпо шудааст.

Шурути “أن لا إله إلا الله “:

1- Донистани маънои он: гӯяндаи он бояд маъно ва муқтазои он ва он чӣ дарбар дорад аз нафйи улуҳияти ғайри Аллоҳи мутаол ва исботи улуҳияти Аллоҳи мутаол бидонад. Парвардигори боазамат мефармояд: {Пас бидон, ки маъбуди (ростине) ҷуз Аллоҳ нест}.
[Сураи Муҳаммад, ояти 19]

2- Яқин: ба ин маъно, ки дар дили гӯяндаи он ҳеҷ гуна шакке нисбат ба он ва он чӣ лозимаи он аст, падид наояд: {Бешак мӯминони (ростин) танҳо касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаанд, онгоҳ шак ба дил роҳ надодаанд ва бо амволу ҷонҳояшон дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кардаанд, инҳоянд, ки ростгӯянд}.
[Сураи Ҳуҷурот, ояти 15]

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Ҳар шахсе, ки бо калимаи “أشهد أن لا إله إلا الله وأني رسول الله”, (яъне, шаҳодат медиҳам, ки маъбуди барҳаққе ҷуз Аллоҳ нест ва ман (Муҳаммад) Расули Аллоҳ ҳастам“ бо Аллоҳи мутаол мулоқот кунад дар ҳоле, ки шакке дар он надошта бошад, Аллоҳи мутаол Ӯро дохили биҳишт мегардонад».
(Ривоят аз Муслим аст)

3- Пазириши он чӣ ин калима тақозо мекунад, бо қалбу забон:

Пазириш дар ин ҷо дар маънои рад накардан ва такаббур наварзидан аст. Парвардигори боазамат мефармояд: {Мо бо гунаҳкорон ин гуна рафтор мекунем (34) онон (дар дунё чунон) буданд, ки чун ба онон гуфта мешуд: маъбуди ростине ҷуз Аллоҳи (ягона) нест, саркашӣ (ва такаббур) мекарданд (35)}.
[Сураи Софот, оёти 34-35]

4- Фармонбардорӣ аз он чӣ ин калима бар он далолат мекунад:

Яъне банда бояд ба он чӣ Аллоҳи мутаол амр мекунад, амал намояд ва аз он чӣ боз медорад, даст кашад. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва ҳар кас накӯкорона рӯи (дили) хешро ба сӯи Аллоҳ гардонад, бидонад, ки ба дастовези устувор чанг зада ва саранҷоми корҳо ба сӯи Аллоҳ аст}.[Сураи Луқмон, ояти 22]

Бандагии ҳақиқӣ ҳамон бандагии дил ва парастиши он аст, вобаста ва банда шудани касе, ба маънои парастиши ӯст.

5- Сидқ ва ростӣ: ба ин маъно, ки гӯянда аз таҳи дилаш содиқ буда ва дилу забонаш мувофиқ ва ҳамроҳ бошанд. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва аз ҷумлаи мардум касоне ҳастанд, ки мегӯянд: ба Аллоҳ ва ба рӯзи охират имон овардаем, ҳоло он, ки мӯмин нестанд (8) (ба гумони хеш) бо Худо ва мӯминон найранг меварзанд ва (дар ҳақиқат) ҷуз худашонро намефиребанд ва дарк намекунанд (9)}.
[Сураи Бақара, ояти 8-9]

6- Ихлос: яъне бо гуфтани ин калима қасд ва иродаи ризои Худоро доштан. Аллоҳи мутаъол мефармояд: {Ва онон фармон наёфтанд, ҷуз ин, ки Аллоҳро бипарастанд, дар холе, ки дини худро барои Ӯ холис гардонанд (ва аз ширк ва бутпарастӣ) ба тавҳид (ва дини Иброҳим) рӯ оваранд ва намоз барпо доранд ва закот бипардозанд. Инаст ойини ростин ва мустақим.}.[Сураи Байинаҳ, ояти 5]

7- Дӯст доштани ин калима ва аҳли ин калима, ки ба он амал ва ба шурути он пойбанд буда ва аз он чӣ хилофи ин бовар аст, иҷтиноб меварзанд. Аллоҳи мутаол мефармояд:{Ва аз ҷумлаи мардум касоне ҳастанд, ки ба ҷои Аллоҳ, ҳамтоёнеро (барои Ӯ) ихтиёр мекунанд ва онҳоро монанди дӯст доштани Аллоҳ дӯст медоранд ва касоне, ки имон оварданд Аллоҳро бештар дӯст медоранд}.
[Сураи Бақара, ояти 165]

Ҳар қадар муҳаббати Аллоҳ дар қалб афзоиш ёбад, бандагияш низ барояш афзоиш меёбад ва аз убудияти ғайри Ӯ озод хоҳад шуд.

Ин ҳамон маънои “لا اله الا الله” ва шурути онаст, ки сабаби сарафрозии инсон дар пешгоҳи Худованд мешавад. Ба Ҳасани Басрӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) гуфта шуд: бархе аз мардум мегӯянд: ҳар кас “لا اله الا الله гуфт вориди биҳишт мешавад, фармуд: ин чунин нест, балки ҳар кас لا اله الا الله гуфт ва ҳуқуқу шурути онро ба ҷо овард, вориди биҳишт мешавад.

لا اله الا الله” ба гӯяндаи хеш сӯд намерасонад, магар вақте, ки ба он амал намуда шурути онро риоят намояд. Касе, ки онро ба забон оварад, аммо ба он амал накунад, ин талаффузи холӣ ба ӯ то замоне, ки бо он амал ҳамроҳ набошад, ҳеҷ сӯде намерасонад.

Навоқиз ва шиканандаҳои “لا اله الا الله”

1- Ширк: ва мурод аз ширк инҷо иборат аст аз:

Ширки акбар (бузург), ки фардро аз ойини Ислом берӯн месозад, ширке, ки Худованд касеро, ки ба он ҳолат мурда бошад, намебахшад ва он иборат аст аз шарик қарор додани касе бо ҳаққи Худованд дар Рубубият, Улуҳият ва дар Асмо ва Сифот. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Аллоҳ намебахшад, ки ба Ӯ шарик оварда шавад ва ҷуз онро барои ҳар касе, ки бихоҳад мебахшад ва ҳар кас ба Аллоҳ шарик оварад, бешак ба гумроҳии дӯру дарозе гирифтор шудааст}.[Сураи Нисо, ояти 116]

Барои ҳеҷ кас шоиста нест Аллоҳи мутаолро ба ғайри худаш фаро хонад, ва дуое, ки ба он иҷозат аст Худованд фаро хонда шавад ҳамон дуоест, ки аз сухани Аллоҳи мутаол баргирифта шудааст, ки мефармояд: {Ва Худованд номҳои накӯ дорад, пас ба он (номҳо) Ӯро ба (дуо) бихонед ва ононеро, ки дар номҳояш каҷравӣ мекунанд, раҳо кунед (сазои) он чиро мекарданд, хоҳанд дид}.[Сураи Аъроф, ояти 180] Имом Абӯҳанифа

Ва мефармояд: {Ва (эй Паёмбар) бешак бар ту ва касоне, ки пеш аз ту буданд, ваҳй карда шуд: агар ширк оварӣ бегумон амалкардат нобуд хоҳад шуд ва бешак аз зиёнкорон хоҳӣ шуд (65) балки Аллоҳро бандагӣ кун ва аз ҷумлаи сипосгузорон бош (66)}.[Сураи Зумар, оёти 65-66]

2- Касе, ки байни худ ва байни Аллоҳ воситае қарор дода ва ононро мепарастад ва аз онон шафоат хоста ва бар онон таваккал кунад ва ҳамчунин бо ибодот ба онон наздик шавад, ин корҳо дар тазод бо мафҳуми “لا اله الا الله” ҳастанд.

3- Касе, ки мушрикинро кофир надонад, ё дар куфри онон шак дошта бошад ё мазҳаби кофиронро саҳеҳ бидонад, кофир шудааст, зеро дар ин ҳолот ӯ дар исломи худ шакку тардид дорад, исломе, ки Аллоҳи мутаол ҷуз онро намепазирад. Касе, ки дар куфри касе шак кард, ки ғайр аз Худовандро мепарастад, ё қисмате аз ибодотро барояш анҷом медиҳад ё дар куфри яҳуду насоро ва будпарастон шак карда ва ё дар ин шак кард, ки онҳо дар оташанд ва ё чизе аз мазҳаби мушрикин ва аъмоли ибодии ононро дуруст донист- аз умуре, ки бо далелҳои равшан куфри онҳо баён шудааст- чунини касе кофир аст.

4- Касе ба ин бовар бошад, ки дин ва ҳидояти дигаре аз ҳидояти Муҳаммад (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) комилтар ва доварӣ ва ҳукми каси дигаре аз ҳукм ва доварии Ӯ беҳтар аст, ин чунин фард кофир мешавад. Монанди касе, ки қавонин ё урфҳои қабилавиро бар шариати ислом тарҷеҳ медиҳад ва ба ҷавози доварӣ ва ҳукм бар асоси онҳо муътақид аст, ё бар ин бовар аст, ки онҳо ба монанди шариати ислом ҳастанд, тамоми ин умур куфр ба Аллоҳи мутаол аст, ба далели сухани Аллоҳи мутаъол, ки мефармояд: {Ва ҳар кас ба он чӣ Худованд нозил кардааст, ҳукм накунад, онҳоянд, ки кофиранд}.
[Сураи Моида, ояти 44]

Ва мефармояд: {Ва савганд ба Парвардигорат (дар ҳақиқат) имон наёварданд, магар он, ки дар ихтилофе, ки байни онон даргирифт, туро довар кунанд, онгоҳ аз он чӣ ҳукм кардӣ, дар худ ҳеҷ дилтангӣ наёбанд ва комилан гардан ниҳанд}.
[Сураи Нисо, ояти 65]

5- Ҳар кас бо он чӣ Расули Аллоҳ исбот намудааст, душманӣ карда ва аз он мутанаффир бошад, агар чӣ ҳам ба он амал кунад, агар касе аз намоз мутанаффир бошад, агар чӣ намоз ҳам бихонад, кофир мешавад, зеро ӯ он чиро, ки Аллоҳи мутаол амр кардааст, дӯст нагирифтааст ва аз ҷумлаи шурутуи “لا اله الا الله” дӯстӣ ва муҳаббат ба тамоми чизҳоест, ки Аллоҳи мутаол оварда ва агар касе аз он чӣ Расули Аллоҳ овардааст, мутанаффир бошад, маънои гувоҳӣ додани ӯ нисбат ба рисолати Ӯ мутаҳаққиқ намешавад, зеро муқтазои он таслим шудан дар баробари ҳар он чизест, ки Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) оварда ва пазириши онҳо бояд бо камоли майл ва хушӣ бошад.

6- Ҳар кас чизеро, ки дар дин собит аст, мавриди масхара ва ришханд қарор дода, ё подош ва ё кайфарро ба тамасхур бигирад, кофир мешавад, зеро ӯ динро мавриди эҳтиром қарор надодааст, яъне амреро, ки лозим буда ва ба он амр шудааст. Аллоҳи мутаол ба дастаи касоне, ки мӯмин буданд, аммо Расул ва ёрони Ӯро ришханд намуданд, ҳукми куфр дод. Онҳо мегӯфтанд: мо ҳамонанди онҳо шикампараст, дуруғгӯ ва тарсу дар набард надидаем, пас Аллоҳи мутаол дар бораи онон чунин ҳукм нозил кард: {Ва агар аз онон бипурсӣ (чӣ мегӯфтанд) гӯянд: шухӣ ва бозӣ мекардем. Бигӯ: оё ба Аллоҳ ва оёти Ӯ ва Расулаш ришханд мекардед (65) узр наёваред, башак, ки пас аз имонатон кофир шудаед}.
[Сураи Тавба, оёти 65-66]

Худованд ба куфри онон ҳукм намуд бо вуҷуди ин, ки пеш аз ин онҳо мӯмин буданд ва ин сухани Аллоҳи мутаол бар онон далолат мекунад, ки мефармояд: {Бешак баъд аз имонатон куфр пеша кардаед}.[Сураи Тавба, ояти 66]

Имонро барои онҳо собит намуд-пеш аз он, ки сухан бигӯянд- ва ононро такфир кард, бо вуҷуди ин, ки ин суханро ба шӯхӣ ва мизоҳ изҳор дошта буданд. Онҳо хостанд, то бо шӯхӣ ва мизоҳ сахтии роҳро бикоҳанд.

7- Сеҳр ва ҷодӯ

Ва он маҷмуаи корҳое монанди афсӯн, тилисм ва дамидан дар банду гиреҳҳо ҳастанд, ки дар дилу ҷисм асар мегузоранд ва ба марг ва ҷудоӣ байни марду зан мунҷар мешаванд. Ин аъмол куфр ҳастанд, Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва ба ростӣ донистанд ки ҳар кас харидораш бошад, дар охират ҳеҷ баҳрае надорад}.
[Сураи Бақар, ояти 102]

Яъне: дар охират баҳрае надорад ва пеш аз ин гуфт: {Ва (он ду фаришта) ба ҳеҷ касе (ҷодӯ) намеомухтанд, магар ин, ки мегӯфтанд: мо танҳо (мояи) озмуне ҳастем, пас (бо ба кор гирифтани ҷодӯ) кофар машав}.
[Сураи Бақар, ояти 102]

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Аз ҳафт кори ҳалоккунанда парҳез кунед! Пурсиданд: онҳо чӣ ҳастанд? Фармуд: ширк ба Аллоҳ, сеҳру ҷодӯ, куштани нафси одамӣ, ки Худованд онро ҳаром қарор додааст, магар ба ҳақ, хурдани рибо, хурдани моли ятим, фирор дар рӯзи ҷанг ва туҳмат задан ба занони покдоман».(Ривоят аз Бухорӣ аст)

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Ҳар кас гиреҳе баст ва дар он дамид, ҳамоно ӯ ҷодӯ кардааст ва ҳар кас муртакиби сеҳру ҷодӯ бишавад, муртакиби ширк шуда ва ҳар кас чизе овезон кунад, ба он супурда мешавад».
(Ривоят аз Нисоӣ аст)

Ва рамл андохтан ва толеъбинӣ ба василаи ситорагон бар рӯйдодҳои заминӣ аз сеҳр ба шумор меравад. Абӯдовуд ривоят кардааст, ки Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармуданд: «Ҳар кас дониши рамлу толеъбиниро фаро гирифт, ӯ шуъбае аз дониши сеҳрро фаро гирифтааст ва ҳар кас бар ин бияфзояд, бар дониши сеҳру ҷодӯи худ афзудааст».
(Ривоят аз Байҳақӣ аст)

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва ҷодӯгар ҳар ҷо, ки равад, растагор намешавад}.
[Сураи Тоҳо, ояти 69]

Ва аз ҷумлаи сеҳру ҷодӯ аз байн бурдани меҳру муҳаббати ду нафар нисбат ба якдигар мебошад.

Илму дониши муфид чизест, ки бандаро ба яктопарастӣ водорад ва хидмат ба инсон ва некӣ ба ӯро барояш маҳбуб ҷилва диҳад ва дониши ғайри муфид ва зараровар онаст, ки бандаро ба ширку зиён водошта, ба инсоният таҳқиру тавҳин раво дорад.

8- Кӯмак ва ёрии мушрикин зидди мусалмонон ва ин ҳамон вилоят аст, ки Худованд мефармояд:

{Ҳар кас аз шумо ононро дӯст гирад, ба ростӣ, ки худ аз онон аст}.

[Сураи Моида, ояти 51]

Таваллӣ амри дигар аст ва дӯстӣ ва муволот амри дигар. Муволот ба маънои тамоюл ва ҳамроҳию муҳаббат ва дӯстӣ аст, ки ин аз гуноҳони кабира ба шумор меравад, аммо тавалло ба маънои ёрӣ додан зидди мусалмонон ва фиребу найрангбозӣ ба ҳамроҳи онон зидди мусалмонон ба монанди мунофиқон аст. Ёрии мушкрикин ба хотири манофеи дунё бисёр хатарнок аст.

9- Агар шахсе гумон барад, ки шахсе метавонад аз шариати Муҳаммад (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) берӯн биравад, кофир мешавад, зеро шариате, ки Худованд бар Муҳаммад (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фиристода, нигаҳбони дигар шароеъ ва носихи онҳо аст ва Аллоҳи мутаол ҷуз Ислом чизи дигареро намепазирад. Аллоҳи мутаол мефармояд:{Бешак дини (ҳақ) назди Аллоҳ Ислом аст}.
[Сураи Оли Имрон, ояти 19]

Ва мефармояд: {Ва ҳар касе дине ба ҷуз Ислом биҷӯяд, ҳаргиз аз ӯ пазируфта намешавад ва ӯ дар охират аз зиёнкорон хоҳад буд}.
[Сураи Оли Имрон, ояти 85]

Ва мефармояд: {Бигӯ: агар Аллоҳро дӯст медоред, аз ман пайравӣ кунед,то Аллоҳ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳони шуморо бароятон биёмурзад ва Худованд омурзанда ва меҳрубон аст (31) бигӯ: аз Аллоҳ ва Расули (Ӯ) фармон баред ва агар руй гардонед (бидонед, ки) Худованд кофиронро дӯст надорад (32)}.[Сураи Оли Имрон, оёти 31-32]

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Савганд ба зоте, ки ҷони Муҳаммад ба дасти Ӯст, ҳеҷ яҳудӣ ё масеҳӣ аз беъсати ман бо хабар намешавад ва сипас фармон намепазирад ва ба ман имон намеорад, магар ин, ки ӯ аз дӯзахиён ба шумо меравад».
(Ривоят аз Муслим аст)

Аз ҷумлаи намунаҳояш он чизест, ки баъзе аз ҷоҳилон гумон мекунанд, ки авлиё аз пайравии Муҳаммад (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) хориҷ шудаанд ва ин куфр ва хуруҷ аз Ислом аст.

Агар қалби одамӣ фармонпазири Худованд набошад ва рӯ ба сӯи Ӯ наёварда ва аз тарафи Ӯ рӯйгардонӣ кунад, ҳамоно он мушрик аст.

10- Ҳар кас, ки аз дини Аллоҳ рӯйгарон шавад ва ба таври куллӣ ба он амал накунад, ӯ кофир шудааст ва ҳар кас, ки ба таври куллӣ аз амал ба он иҷтиноб ва дӯрӣ кунад ва худро дар аъмолаш аз он бенаёз бидонад ва ҳаргоҳ ба сӯи Ислом ё барои омӯзиши он давъат шавад ва напазирад, ё ин, ки аввал амал намуда ва сипас аз пазириш ва амал ба он рӯйгардон шавад, ҳамоно ӯ кофир шудааст.

Дар ин умури шукананда ва навоқиз тафовуте байни фарди ҷиддӣ ва ғайри ҷиддӣ ва тамасхуркунанда ва ё тарсида вуҷуд надорад. Вақте ба амд ва бо дониш дар он воқеъ бишаванд, магар фарде, ки маҷбур шуда ва роҳи фироре надошта бошад ва фақат бо забон ин иддиоро бигӯяд, ба далели сухани Аллоҳи мутаол: {Магар касе, ки водор (ба куфр) шавад ва дилаш ба имон мутмаин бошад, вале касоне, ки барои (пазириши) куфр сина бигшояд}.[Сураи Наҳл, ояти 106]

Касе, ки ба куфр маҷбур карда шуд, баъд аз он бо розигии худ ба он амал намуд, бешак кофир шудааст, зеро ӯ бо ризояти худ ба он амал гирифтор шудааст ва ҳар кас барои дафъи хатар онро анҷом дод, то худро аз он хатари марг бираҳонад, бо вуҷуди ин, ки қалби ӯ ба имон устувору мутмаин аст, ба ӯ ҳеҷ сарзанише нест, ба далели сухани Аллоҳи мутаол: {Магар он, ки ба навъе аз онон ҳазар кунед}.[Сураи Оли Имрон, ояти 28]

Илму дониш дарахтест, ки аз он ҳар рафтору ахлоқи зебо ва кирдори накӯ ва тавсифи сутуда мерӯяд ва ҷаҳлу нодонӣ дарахтест, ки аз он ахлоқи зишт ва тавсифоти разилона ва нописанд ба вуҷуд меояд.

Tags: