Бешак Аллоҳ наздик аст..
Эй наздик ба касе, ки Ӯро дуо кардааст.. эй қариб ба касе, ки Ӯро хостааст!
эй наздик ба касе, ки аз Ӯ дархост мекунад.. эй Зоте, ки Ӯ аз раги гардани мо ба мо наздитар аст!
ББо унсу оромиш ва бо каломат бар мо миннат бинеҳ эй Зоте, ки наздик ҳастӣ...
{Ва чун бандагони ман дар бораи ман аз ту бипурсанд (бигӯ) бешак ман наздик ҳастам}.[Сураи Тавба, ояти 186].
“Наздик”: бо вуҷуди баландию бартарӣ, бо илму иттилоаш наздик аст.
“Наздик”: барои касе, ки Ӯро нидо кунад, медиҳад ва лутф мекунад, боло мекунад ва ранҷро дӯр месозад ва дӯои муҳтоҷ ва корафтодаро иҷобат мекунад.
“Наздик”: ба касе, ки ба сӯи Ӯ тавба кардааст ва қалбашро ба Ӯ таъаллуқ сохтааст, гуноҳро мебахшад ва тавбаро мепазирад.
“Наздик”: он чиро, ки банда барои наздик шудан ба Ӯ анҷом медиҳад, мепазирад ва ба андозаи наздикии банда ба худаш, Ӯ ҳам ба банда наздик мешавад.
“Наздик”: огоҳ ба аҳволи бандагонаш аст, Ӯ бо илми худ ва иҳотааш ба онҳо наздик аст ва ҳеҷ чизи онон аз Ӯ пинҳон намемонад.
“Наздик”: бо лутфу ҳифозат ва нусрату тайъидаш наздик аст ва ин наздикӣ хоси авлиё ва дӯстонаш аст.
“Наздик”: тамоми бандагон дар саранҷоми худ ба сӯи Ӯ боз мегарданд.
{Ва мо аз шумо ба ӯ (касе, ки дар ҳоли ҷон додан аст) наздиктарем}. [Сураи Воқеа, ояти 85].
“Наздик”: нафсҳо ба сабаби наздикӣ ба Ӯ унс мегиранд ва ба ёди Ӯ шоду масрур мешаванд.
Бешак Аллоҳ қарибу наздик аст: “наздик”... бо илми худ ва огоҳӣ ва муроқабату назорат ва иҳотааш ба ҳама кас наздик аст.