Бешак Аллоҳ қоҳири қаҳҳор аст..
Қоҳиру ғолиб бар ҷин ва инс аст:
{Ва Ӯст, ки бар бандагонаш чира буда ва Ӯст бохикмату хабир}.
[Сураи Анъом, ояти 18].
“Қоҳири мутлақ”: бар тамоми махлуқоташ бо баландмартабагияш чира гашта ва ҳеҷ чиз дар ин ҳастии паҳновар, ҷуз ба иҷозат ва дониши Ӯ рух намедиҳад.
“Қоҳири мутлақ”: бар душманони мутакабирин бо қавитарин далоил ва равшантарин бароҳин чира гашта, то барои онон собит кунад, ки Ӯ танҳо мустаҳиқи парастиш ва дуо аст. Ӯлуҳият ва Рубубият ва Асмои накӯ ва Сифоти бартар фақат аз они Ӯст.
“Қодири мутлақ”: ситамгарону саркашон ва мутакабиринро мағлуб сохта ва онҳоро мағлубшуда бидуни иродаи онҳо дар саҳрои маҳшар ҳашр хоҳад кард.
{Ва ба пешгоҳи Аллоҳи ягонаи ғолиб зоҳир (ва ошкор) шаванд}. [Сураи Иброҳим, ояти 48].
“Қодири мутлақ”: хосту машияти Ӯ амалишаванда аст ва ҳеҷ яке аз махлуқоташ ҳар чанд бузург бошад, тавони баргардондани онро надоранд. Офариниши Ӯ навпайдо буда ва тамоми соҳибони қувват дар баробари Ӯ нотавонанд ва забонҳо аз васфи офариниши бидеъи Ӯ гунг ҳастанд, ҳар чанд, ки дар баёну васф маҳорату малакаи хубе дошта бошанд.
Бешак Аллоҳ пирӯзи қодири мутлақ аст.