Чӣ гуна мухлис хоҳӣ шуд?

 Чӣ гуна мухлис хоҳӣ шуд?

Чӣ гуна мухлис хоҳӣ шуд?

Ҳар амри дарӯнӣ, ки бо зоҳираш мухолиф бошад, ботил аст.

Аввал: амалӣ шудани тавҳиди Парвардигор: Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Пас Аллоҳро дар ҳоле, ки парастиши (хеш)ро барои Ӯ холис медорӣ, бандагӣ кун (2) биндон, ки парастиши ноб аз они Аллоҳ аст}.
[Сураи Зумар, ояти 2-3]

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва амр нашуданд, магар он, ки Аллоҳро дар ҳоле, ки парастишро барои Ӯ холис сохтаанд, бипарастанд}
[Сураи Байина, ояти 5].

Дуввум: амалӣ сохтани пайравии Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ва итоат аз Ӯ дар он чӣ амр намуда ва парҳез аз он чӣ наҳй карда ва боздоштааст ва тасдиқи Ӯ дар он чӣ хабар додааст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Эй касоне, ки имон овардаед, итоати Аллоҳ кунед ва аз Расули Аллоҳ ва соҳибони амр (ҳам) итоат кунед, ҳаргоҳ дар чизе ихтилоф кардед, агар ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон доред, онро ба Аллоҳ ва Расул бозгардонед, ин беҳтар ва неканҷомтар аст}. [Сураи Нисо,ояти 59].

Саввум: агар мехоҳӣ мухлис бошӣ, бар анҷоми амали солеҳ харис бош ва ҳамеша ба ёди биёр, ки мухлис аз ҷумлаи он ҳафт дастае аст, ки дар рӯзи охират зери сояи арши Аллоҳ қарор мегиранд: «.. марде, ки садақае медиҳад ва онро махфӣ медорад.». (Ривоят аз Бухорӣ аст).

Ва ҳамчунин ба ёд биёвар: «Бешак пазириши аъмол ба ният бастагӣ дорад..».
(Ривоят аз Бухорӣ аст).

Чаҳорум: аз муҳаббати таърифу тамҷид рӯгардон бош ва аз он чӣ дар дасти мардум аст ноӯмед шав ва иртиботи худро бо холиқат бақарор кун. Мухлис барои расидан ба дунё ва ё ба зане тамаъ намекунад, балки умеди Ӯ ба раҳмати Аллоҳ аст.

Панҷум: худатро дар пеши Парвардигорат бияндоз ва дарвозаи хориро дар даргоҳи Ӯ лозим бигир ва дуо кун, то ихлосро насибат гардонад ва аз риё наҷотат диҳад ва гуноҳону иштибоҳоти гузаштаи туро бибахшад.

Ихлос онаст, ки барои амалат ҷуз Аллоҳ шоҳид ва подошдиҳандае нахоҳӣ.

Шашум: дӯрӣ аз риё ва эҳтиёт аз он, ҳар вақте, ки банда роҳи риёро пеш гирифт ва маҳалҳои вуруди онро шинохт, аз роҳи ихлос дӯр мешавад: аз ҷумлаи ин маворид аст, тавсифи бархе мардум нисбат ба худашон мабнӣ бар ин, ки онҳо валӣ ҳастанд, ё ба ин номгузории дигарон хушнӯд мешаванд, ё корҳо ва тоатҳои худро гузориш медиҳанд. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ҳар кас, ки зиндагии дунё ва зинати онро хоста бошад, (подоши) корҳояшонро дар он ҷо барояшон комил мерасонем ва онҳо дар он ҷо камӣ намебинанд (15) онҳо касоне ҳастанд, ки дар охират ҷуз оташи (ҷаҳаннам) надоранд ва он чӣ дар он ҷо (дунё) карда буданд, барбод рафта ва он чиро анҷом медиҳанд, ботил аст (16)}. [Сураи Ҳӯд, ояти 15-16].

Риё ширки кӯчак аст ва аз авоқиби вахими он кофист, ки бидонем аъмол бо он пазируфта намешаванд, агар чӣ зоҳири он накӯ ҷилва кунад ва Аллоҳ онро ба соҳибаш боз мегардонад.

Ҳафтум: ҳамроҳӣ ва будан бо мухлисон: Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:

«Мард бар дини дӯсташ аст..»

(Ривоят аз Тирмизӣ аст).

Ҳаштум: пинҳон кардани ибодат: Аллоҳи мутаол мефармояд: {Агар садақотро ошкор кунед, он накӯ (коре) аст ва агар онро пинҳон доред ва ба фақирон бидиҳед, пас он барои шумо беҳтар аст}. [Сураи Бақара, ояти 271].

Ихлос ва дӯстии мадҳу сано дар як дил ҷамъ намешаванд, магар ҳамон гуна, ки обу оташ бо ҳам дар як ҷо ҷамъ шаванд.

Нуҳум: ҳисобу китоби нафс бо сахтарин ва дақиқтарин ҳисобу китоб мумкин ва он ҳисобест, ки ҳамеша лозим аст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва касоне, ки дар роҳи мо ҷиҳод карданд, ононро ба роҳҳои хеш раҳнамуд мекунем}.
[Сураи Анкабут, ояти 69].

Ва дар каломи поки Алоҳи мутаол таъаммул кун, ки мефармояд:
“дар роҳи мо”!!

Даҳум: зарурати пойбандӣ ба дуои Аллоҳи мутаол ва баргашт ба сӯи Ӯ ва такрори он. Замоне, ки бандаи мустаманд пайваста бар дари хонаи арбобаш муътакиф биншинад, ба ӯ раҳму шафқат карда ва ниёзу хостаашро бароварда ва қусурашро ҷуброн мекунад.. пас дуои ҳақиқӣ, дуо барои Аллоҳи мутаоласт.



Tags: