Бешак Аллоҳ густаронандаи чорасоз аст.. {Бешак Аллоҳ фарохнеъмати доност}. [Сураи Бақара, ояти 115].
“Чорасози ҷомеъ ва шомил”: ҷаввод ва бахшанда аст ва зарфияти ҳар дархостро дорад.
“Ҷомеъ ва шомил”: дар сифаташ комил аст.. дар номҳояш бисёр бузург ва пурқувват аст, касе наметавонад санои Ӯро бишуморад, азамат, подшоҳӣ ва салтанат, фазл ва ҷӯду эҳсони ӯ бисёр панҳновар ва сутург аст.
“Ҷомеъ ва шомил”: зарфияту гунҷоиш додан ба ҳамаи бандагонро ба шакли кофӣ дошта ва ба дониш иҳотаи комил дорад ва ҳама зери ҳимояти Ӯ ва зери тадбири Ӯ ҳастанд.
“Чорасоз”: Зотест, ки самъи Ӯ ҳамаи садоҳоро ба тафсил ташхис дода ва зибонҳо бар Ӯ дар ҳам намеомезанд.
“Чорасоз”: ибодатро бар бандагонаш осон сохта ва динро осон карда ва барои онон гушоиш қоил шудааст, он Аллоҳи мутаол ва боазамат.
Бешак Аллоҳ соҳиби неъмати фаровон аст..