Аллоҳ мушкилгӯшо аст..

 Аллоҳ мушкилгӯшо аст..

Аллоҳ мушкилгӯшо аст..

“Фаттоҳ”: он Зоте, ки дар байни бандагонаш бо аҳкоми шаръӣ ва аҳкоми кавнӣ ва аҳкоми кайфар доварӣ мекунад. Зотест, ки бо луфту карамаш дидагони ростгӯёнро барои шинохт ва муҳаббат ва майл ба сӯи худаш боз кард ва барои бандагонаш дарвозаҳои гуногуни раҳмат ва рӯзиро гӯшудааст.

Бешак Аллоҳ мушкилгӯшо аст..

{Ва Ӯ мушкилгӯшои доност}.

[Сураи Саба, ояти 26].

“Фаттоҳ”: раҳматҳои худро бар мо мегӯшояд..

{(Дари) раҳматеро, ки Аллоҳ барои мардум боз кунад, барои он (раҳмат) ҳеҷ боздорандае нест}.
[Сураи Фотир, ояти 2].

“Фаттоҳ”: Аллоҳ дарвозаи баракатҳояшро бар мову шумо кушодааст ва аз фазлу бахшиши хеш ба мо медиҳад ва афву меҳрубонии худро шомили ҳоли мо мегардонад.

Ӯ ҳамон Аллоҳ аст, ки дилҳои бастаро бо калиди ҳидоят ва имон мегӯшояд.

“Фаттоҳ”: дарҳои раҳматро мегӯшояд ва онҳоро лабрез мекунад ва ҷӯшиши неъматро бар онон сарозер карда ва сарчашмаҳои донишу ҳикматро ба сӯи ақлҳои онҳо сарозер мекунад ва имонро бар дилҳои онон мегӯшояд ва ононро ҳидоят мекунад.

“Кушоянда”: он Зоте ки ғаму ғӯсаро аз бандагон зудуда ва ҳамаи андуҳро аз онон бартараф мекунад ва нороҳатиро зудуда ва ҳар зиёнро аз байн мебарад.

“Гӯшоянда”: он Зоте, ки дар байни бандагонаш дар охират доварӣ мекунад ва Ӯ корсози сутуда аст.

Бешак Аллоҳ ҳамон гӯшоянда аст..



Tags: