Б: Асарҳои Асмо ва Сифот дар ҷаҳони ҳастӣ:

 Б: Асарҳои Асмо ва Сифот дар ҷаҳони ҳастӣ:

Б: Асарҳои Асмо ва Сифот дар ҷаҳони ҳастӣ:

Шинохти асмои ҳусно ва сифоти уло, аз беҳтарин ва шарифтарин маъориф мебошанд ва ҳар як аз номҳои Аллоҳи мутаол нишонаи як сифати хос аст. Номҳои Ӯ сифатҳои мадҳ ва камол буда ва ҳар сифат дорои як феъл ва муқтазои хос аст ва ҳар коре таъсири худро дорад ва он аз лавозими он буда ва маҳол аст, ки Зотро аз сифот холӣ тасаввур кунем ва ё Асморо аз маъонӣ ва авсофи он холӣ созем ва ҳамчунин таътил кардани сифатҳои Аллоҳ аз аъмоле, ки лозимаи онҳо буда ва баръакс таътил кардани корҳо аз асароти онҳо, ҳама аз маҳолот ва номумкин ҳастанд. Ҳамаи ин аз асори асмо ва сифоти он ҳастанд.

Ва афъоли Ӯ бар асоси ҳикмат, маслаҳат ва номҳои Ӯ накӯ ҳастанд, пас гумони вониҳодани маъонӣ аз муҷиботи онҳо дар ҳаққи Ӯ маҳол аст ва ба ҳамин хотир Аллоҳи мутаол касеро, ки Ӯро аз амру наҳй ва подошу кайфараш ҷудо мекунад, ҳушдор додааст ва ба ин тартиб онҳо ба Ӯ чизеро нисбат медиҳанд, ки шоистаи Ӯ набуда ва Ӯ аз он поку муназзаҳ аст. Ҳар кас ҷунин нисбате ба Аллоҳ бидиҳад, Ӯро он гуна, ки шоиста аст, нашинохта ва ҳаққи эҳтирому таъзими Ӯро ба ҷо наоварда аст, ҳамон гуна, ки Аллоҳи мутаол дар ҳаққи мункирини нубуват, фиристодани Паёмбарон ва китобҳои осмонӣ фармудаст:

{Ва Аллоҳро чуноне, ки сазовор аст, қадрдонӣ накарданд, чун гуфтанд: Аллоҳ бар ҳеҷ инсоне чизе нозил накардааст}. [Сураи Анъом, ояти 91]

Ва Аллоҳи мутаол дар ҳаққи мункирони рӯзи охират ва савобу кайфари он рӯз мефармояд:

{Ва Аллоҳро чуноне, ки сазовор аст, қадрдонӣ накарданд ва рӯзи охират замин як ҷо дар қабзаи (қудрати) Ӯст ва осмонҳо дар дасти (қудрати) Ӯ дар ҳам печида шаванд}. [Сураи Зумар, ояти 67]

Ва Аллоҳи мутаол дар ҳаққи касоне, ки ҷоиз медонанд, то подоши накӯкору бадкор ва мумину кофир яксон бошад, мефармояд:

Сипос ба Аллоҳ ҳамчуноне, ки Ӯ худро васф намуда ва болотар аз он чӣ бандагонаш Ӯро васф мекунанд

(Имом Шофеъӣ)

{Оё касоне, ки муртакиби бадиҳо шуданд, пиндоштанд, ки ононро монанди касоне қарор медиҳем, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ки зиндагӣ ва мурданашон яксон бошад? Чӣ бад ҳукм мекунанд}. [Сураи Ҷосия, ояти 21]

Ба онон хабар додааст, ки ин ҳукм ва бад буда, шоистаи Ӯ нест, асмо ва сифоти Ӯ онро намепазирад.

Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Оё пиндоштед, ки шуморо беҳӯда офаридаем ва шумо ба сӯи мо бозгардонда намешавед (115) Аллоҳ фармонравои ростин, (басо) бартар аст, ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз Ӯ нест, Ӯ Парвардигори Арши гаронқадр аст (116)}.[Сураи Мӯминун, ояти 115-116]

Аллоҳ аз ин гумони ботилу тахмин, ки асмо ва сифоти Ӯ онро намепазирад, муназзаҳу пок аст.

Ва намунаҳои ин дар Қуръон бисёранд, Аллоҳ дар он, он чиро хилофи малзумоти асмо ва сифоташ бошад, аз худ нафй мекунад, зеро, ки он лозимаи таътили он аз кайфият ва муқтазаёташ мебошад.

Номи “Ҳамид” ва “Маҷид”и Ӯ монеъ аз он мешавад, ки одамиро беҳӯда раҳо созад ва ба Ӯ амру наҳй накарда ва ба Ӯ подошу кайфар надиҳад ва ҳамчунин “Ҳаким” инро намепазирад ва исми “Малик” низ ҳамчунин мебошад. Номи “Ҳай” монеъ аз он мешавад, ки Ӯ аз анҷоми кор боз монад ва таътил бошад, балки ҳақиқати ҳаёт ва зиндагӣ, кор аст ва ҳар мавҷуди зиндае фаъол аст ва кирдор дорад ва ин, ки Аллоҳи мутаол офарандаи побарҷо бошад, аз ҷумлаи муқтазаёти Ӯ мебошад. Лозимаи номи “Самеъ Басир” будани чизҳои қобили дидан ва шунидан аст ва лозимаи исми “Холиқ” будани махлуқот ва лозимаи “Раззоқ” ва “Малик” будани як мамлакат ва гардондану тадбир кардан, додану гирифтан, эҳсону адл, савобу иқоб аст. Ва номҳои “Бирр, Муҳсин, Муътӣ ва Маннон” (накӯкор, эҳсонкунанда, диҳанда ва расонандаи хайру эҳсон) ва монанди ин номҳо, муқтазаёт ва осор ва муҷиботи худро лозим доранд.

Ва номҳои “Ғаффор, Таввоб ва Афувв” (бахшанда, тавбапазир ва даргузар) бояд умури муртабит ба худ дошта бошанд, бояд гуноҳе бошад, то бахшида шавад ва тавбае сурат пазирад, то мавриди қабул воқеъ шавад ва бояд гуноҳе бошад, то аз он даргузашта шавад ва лозимаи номи “Ҳаким” будан умурест, ки ҳикмат дар онҳо ошкор шавад, зеро муқтазои ин исмҳо ба нисбати осори онҳо монанди муқтазои номи Холиқ, Розиқ, Муътӣ ва Монеъ ба нисбати махлуқ, марзуқ ва муъто ва мамнуъ (офаридашуда, рӯзидодашуда, додашуда ва манъшуда) буда ва тамоми инҳо номҳои неке ҳастанд.

Ва Аллоҳи мутаол Зот ва авсофу номҳояшро дӯст медорад, пас Ӯ даргузаштан, афв кардан ва гузаштро дӯст дорад ва тавбаро дӯст медорад ва ба тавбаи бандааш ҳаргоҳ аз Ӯ бахшиш мепурасад, беш аз интизор хушнӯд мешавад ва тавбаи ӯро мепазирад ва аз Ӯ гузашт мекунад.

Ва Парвардигори пок “Ҳамид” ва “Маҷид” (сутуда ва боазамат) аст. Ин ду сифат муқтазаёте доранд ва осори он ду бахшиши иштибоҳот ва даргузашт аз лағжишҳо ва афв кардани гуноҳон ва чашмпӯшӣ аз онҳост. Бо вуҷуди он, ки Аллоҳ ба гуноҳону иштибоҳот огоҳ аст ва тавони гирифтани ҳақ ва миқдори кайфарро медонад, аммо ҳилму бурдбории Ӯ баъд аз дониш ва илмаш қарор дорад. Афву бахшиши Ӯ баъд аз қудрати Ӯст, мағфирати Ӯ бо вуҷуди камоли иззату ҳикмат сурат мепазирад. Ҳамон гуна, ки Аллоҳи мутаол аз забони Исои Масеҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) нақл мекунад:

{Агар ононро азоб кунӣ, онон бандагони ту ҳастанд ва агар ононро биёмӯрзӣ, бешак ту пирӯзманду боҳикмат ҳастӣ}. [Сураи Моида, ояти 118]

Яъне: бахшишу мағфирати ту аз камоли қудрат ва ҳикмати туст. Ту монанди касе нестӣ, ки аз рӯи нотавонӣ мебахшад ва ё аз рӯи нодорӣ дар мизони ҳақ кӯтоҳӣ мекунад, балки ту барҳақ доно буда, метавонӣ онро бигирӣ ва нисбат ба гирифтани он ҳам боҳикмат ҳастӣ.

Ҳар кас ба ҷараён ва ҳаракати осори асмо ва сифот дар олам ва дар дастурҳои Аллоҳ таъаммул кунад, пай мебарад, ки масдари анҷоми ин ҷиноёт аз тарафи бандагон аст ва тақдири онҳо аз камоли асмо ва сифот ва афъоли Аллоҳ буда ва ғояти онҳо ҳам муқтазои ҳамд ва азамати Аллоҳ аст, ҳамон гуна, ки муқтазои Рубубият ва Улуҳияти Ӯст.

Ӯ дар ҳар он чӣ қазоват карда ва тақдир дошта, ҳикмати расо ва оёти равшан дорад ва шинохти худ ба бандагонашро бо асмо ва сифот анҷом додааст. Аз онон хостааст, то муҳаббати Ӯро дошта ва Ӯро ёд кунанд, аз Ӯ қадрдонӣ карда ва Ӯро бо номҳои накӯяш бипарастанд, зеро ҳар номе аз рӯи дониш ва маърифат ва ҳолат, ибодати хоси худро дорад ва комилтарин фард дар ибодат касест, ки Аллоҳро бо тамоми асмо ва сифот, ки башар аз онҳо огоҳ аст, бипарастад. Парастиши Ӯ бо як исм, монеъ аз парастиши Ӯ бо исми дигаре намешавад, монанди касе, ки Аллоҳро бар асоси исми “Қадир” мепарастад ва ин монеъ аз парастиши Ӯ бо исми “Ҳалим” намешавад ва ё Ӯро бар асоси исми “Раҳим” бипарастад ва ин монеъ аз парастиши Ӯ бар асоси исми “Муътӣ” ва “Монеъ” намешавад ва ҳамчунин агар Ӯро бар асоси исми “Раҳим” ё “Афув” ё “Ғафур” мепарастанд, аз исми “Мунтақим” (интиқомгиранда) ғофил ва бехабар нестанд.

Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва Аллоҳ дорои номҳои нек аст, пас ба он (номҳо) Ӯро ба (дуо) бихонед}.

[Сураи Аъроф, ояти 180]

Дуо кардан бар асоси асмо ва сифот, шомили дуои дархост ва ситоишу бандагӣ мебошад ва Аллоҳи пок аз бандагонаш хостааст, то Ӯро бо асмо ва сифоташ бишносанд ва Ӯро бо онҳо ситоиш кунанд ва насибашон дар ибодатро аз онҳо ба ҷо оранд.

Ва Аллоҳи пок муқтазои асмо ва сифоташро дӯст медорад, пас Ӯ доност ва ҳамаи доноёнро дӯст медорад, бахшанда аст ва ҳамаи бахшандагонро дӯст медорад, ягона буда ва ягонагиро дӯст медорад, зебост ва зебоиро дӯст медорад, бахшанда аст ва бахшандагӣ ва аҳли онро дӯст дорад, нек аст ва некӯкоронро дӯст медорад, қадрдон буда ва дӯстори қадрдонон аст, шикебост ва шикебоёнро дӯст медорад, бурдбор аст ва бурдбориро дӯст медорад, Аллоҳ ба сабаби муҳаббаташ ба тавба ва мағфират ва гузашт, касонеро офарид, ки ононро бибахшад ва тавбаи ононро бипазирад ва даргузарад ва афв кунад.

Ҳеҷ чизи Ӯ ба бандагон шабеҳ набуда ва ҳеҷ чизи бандагон ба Ӯ шабеҳ нест. Ӯ ҳамеша бо ҳамин асмо ва сифот буда ва хоҳад буд.

Имом Абӯҳанифа



Tags: