Қоидаҳо ва нуктаҳое дар фаҳми Асмо ва Сифоти Аллоҳи мутаол:

 Қоидаҳо ва нуктаҳое дар фаҳми Асмо ва Сифоти Аллоҳи мутаол:

Қоидаҳо ва нуктаҳое дар фаҳми Асмо ва Сифоти Аллоҳи мутаол:

{Чизе монанди Ӯ нест ва Ӯ шунавои биност}. [‌Сураи Шӯро, ояти 11]

1. Тамоми номҳои Аллоҳи мутаол накӯ ҳастанд. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва Аллоҳ номҳои накӯ дорад}.[Сураи Аъроф, ояти 180]

Аллоҳи мутаол ба зоти баландмаратабааш худро барои мо муаррифӣ карда, то Ӯро бипарастем ва маҷди Ӯро баён карда ва Ӯро дӯст бидорем, аз Ӯ битарсем ва ба Ӯ умед дошта бошем.

2 . Субути номҳо ва сифоти Аллоҳ фақат аз ду манбаъ сурат мегирад, ки ибортанд аз Китоб ва Суннат ва манбаи саввуме барои онҳо набуда ва ба ҳеҷ чизи дигар Асмо ва Сифоти Ӯ собит намешаванд. Пас мо барои Аллоҳ собит мекунем, он чиро Аллоҳ ва Расулаш (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) барои Ӯ собит карда ва нафй мекунем он чиро Аллоҳ ва Расулаш (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) нафй кардааст. Бинобарин вақте сифати камолро барои Ӯ собит мекунем, зидди онро аз Ӯ нафй карда ва он чиро дар бораи он исбот ё нафй ворид нашудааст, таваққуф мекунем, зеро чизе дар исбот ва нафйи он ба мо нарасидааст. Аммо маънои он қобили тафсил мебошад, агар мафҳуми он ҳақ ва сифати шоистаи Парвардигор буд, пазируфта шуда ва агар мафҳуми мавриди назари он шоистаи Аллоҳ набуд, мардуд аст.

3. Сухан дар бораи сифоти Аллоҳ, монанди сухан дар бораи зоти Ӯст ва чунон, ки мо кайфияти Зоти поки Ӯро намедонем, кайфияти сифоти накӯи Ӯро ҳам дарк намекунем, аммо ба онҳо имон дорем, имони қатъӣ ва бидуни таҳриф ва раҳо кардани ҳеҷ як аз онҳо ва бидуни қоил шудан ба чигунагии кайфият ва ташбеҳ намудани онҳо.

4. Асмо ва Сифоти Аллоҳи мутаол дорои маъонии ҳақиқӣ ҳастанд, на маҷозӣ ва муаммогуна. Онҳо бар зоти Аллоҳи мутаол ва сифоти камол, ки ба Парвардигор қоим ҳастанд, далолат мекунанд, монанди Қодир, Алим, Ҳаким, Самиъ ва Басир. Ин номҳо бар зоти Аллоҳ ва ҳамчунин бар он чӣ бар он устувор аст, аз Қудрат, Илм, Ҳикмат, Самъ ва Басар далолат мекунанд.

5. Танзиҳ ва пок кардани Аллоҳи мутаол аз нуқсонҳо, танзеҳи бидуни вониҳодани ҳар сифат аст ва нафйи айбҳо ва нуқсонҳо аз Аллоҳ ба шакли куллӣ ва ҳамчунин исботи камол ба шакли муфассал ва ҷузъӣ дар ҳар сифат сурат мепазирад. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Чизе монанди Ӯ нест ва Ӯ шунавои биност}.
[Сураи Шӯро, ояти 11].

6. Барои имон ба номҳои Аллоҳ: ҳамон гуна, ки муқтазои имон ба исм ва сифате, ки исми онро дарбар мегирад, лозимаи он имон ба асарест, ки ба он исм муртабит аст. Исми “Раҳим”, дарбаргирандаи ин мафҳум аст, ки Парвардигори боазамат дорои сифати раҳмат аст ва Ӯ бо раҳматаш бар бандагон раҳм мекунад.

Дар ин ҷо нуктаҳои муҳиме, ки дар фаҳми Асмо ва Сифоти Аллоҳи мутаол кӯмак мекунанд, иборатанд аз:

1. Номҳи Аллоҳ дар теъдоди маҳдуде мунҳасир нестанд ва дар ҳадис омадааст, ки:

«... аз ту мепурсам бо ҳар номе, ки худатро ба он ном ниҳодӣ ё ба яке аз бандагонат онро омӯхтаӣ ва ё дар китобат онро нозил карда ва ё онро дар илми ғайб назди худ нигаҳ доштаӣ...» (Ривоят аз Аҳмад аст)

2. Бархе аз номҳо, он номҳоест, ки танҳо хоси Аллоҳ буда ва ҳеҷ кас дар онҳо шарик нест ва ҷоиз нест, то бар каси дигаре гузошта шавад, монанди “Аллоҳ”, “Раҳмон” ва бархи дигаре ҳастанд, ки метавон ба ғайри Аллоҳ ҳам итлоқ шавад, агар чӣ итлоқи онҳо бар Аллоҳ бо комилтарин шаклу сифат ҳастанд.

3. Сифот аз Асмо гирифта мешаванд, ҳар исме сифате дар бар дорад, аммо исмҳо аз сифот гирифта намешаванд. Масалан мегӯем Парвардигор “ғазаб” мекунад, аммо намегӯем, ки Парвардигор ғазуб аст, Парвардигор поку муназзаҳ аст.



Tags: