1. Раҳоӣ ёфтан аз ҳайрату шак: чӣ гуна касе дӯчори шакку тардид мешавад, дар ҳоле, ки медонад ӯ Парвардигоре дорад, ки Парвардигори ҳамаи чиз буда ва зотест, ки ӯро офарида ва ӯро устувор доштааст, ба ӯ икром ва эҳсон намуда ва ӯро фазилат додааст, ӯро дар замин ҷонишини худ сохта ва ҳар он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, барояш тобеъ ва ром гардонида ва неъматҳои зоҳиру ботини худро ба ӯ додааст. Ӯ ба Парвардигораш ором мегирад ва ба Ӯ паноҳ мебарад ва медонад, ки зиндагӣ кӯтоҳ аст ва хӯбӣ бо бадӣ ва адл бо зулм ва лаззат бо дард дар он бо ҳам махлут ҳастанд.
Аммо касоне, ки рубубияти Аллоҳро инкор мекунанд ва нисбат ба дидор бо Ӯ дар шакку тардид ҳастанд, зиндагии онҳо таъму мазае надорад ва саршор аз парешонӣ, изтироб, ҳайронӣ ва аломатҳои суолии пай дар пай ва бидуни посух аст. Онҳо паноҳгоҳе надоранд, то ба он паноҳ баранд ва ақлҳои онон бо вуҷуди ҳушу заковат дар ҳайрат, саргардонӣ ва парешонӣ буда ва ин азоби дунёст, ки субҳу шом оташи он дилҳояшонро месӯзонад.
2. Оромиши равонӣ: Оромиши равонӣ фақат як масдар дорад ва он имон ба Аллоҳ ва рӯзи охират аст... имони ростин ва қавӣ, ки ҳеҷ гуна шакке дар он набуда ва ҳеҷ нифоқе онро фосид насозад. Ин чизе, ки воқеъияти намоён ба он гувоҳӣ медиҳад ва таърих аз намунаҳои он пур буда ва ҳар инсони бинои боинсоф дар атрофи худ онро ламс мекунад. Аз таҷриба медонем, ки бештари мардум, ки дар изтироб ва фишори равонӣ ва парешонӣ ба сар мебаранд ва эҳсоси пӯчӣ ва нобудӣ мекунанд, касоне ҳастанд, ки аз неъмати имон ва оромиши яқин маҳрум ҳастанд. Зиндагии ишон ҳеҷ мазза ва таъме надорад, агар чӣ пур аз лазоизу рафоҳ бошад, зеро онон барои ин зиндагӣ маъно ва мафҳуме намеёбанд ва дар он ҳадафе мушоҳида накарда ва рози онро дарк намекунанд. Акнун бо ин вазъ ва хол онҳо чӣ гуна ба оромиши равонӣ ва хотири осӯда даст ёбанд? Бешак ин оромишу осудахотирӣ натиҷа ва самараи имон аст ва тавҳид дарахти покест, ки меваашро ҳар вақт ба хости Худованд медиҳад ва он нафҳа ва дамест аз осмон, ки Худованд бар қалби мӯминон нозил мекунад, то ононро замоне, ки мардум музтарибу парешон шаванд, собитқадам нигаҳ дошта ва ҳангоме мардум дар хашму ғазаб афтанд онҳоро розӣ гардонад ва ҳангоми шакку тардиди мардум, онҳоро бо рӯҳияи яқин устувор гардонад ва ҳангоми бетобӣ ва бесуботии мардум, онҳо собиру пурсукун бошанд. Ин ҳамон оромише буд, ки қалби Расули Аллоҳро (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар рӯзи ҳиҷрат устувор сохта буд ва ҳеҷ гуна ғаму ғӯса ва андуҳу тарсе бар Ӯ ғалаба накарда ва ҳеҷ шакку тардиде дар он хутур надошт. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Агар Ӯ (Паёмбар)-ро ёрӣ надиҳед, дар ҳақиқат Худованд ҳангоме ба Ӯ ёрӣ расонд, онгоҳ, ки кофирон Ӯро (аз Макка) берӯн карданд, нафари дуввуми он ду нафаре, ки он ду дар ғор буданд, ба ёри худ (Абӯбакр) мегӯфт: андӯҳгин мабош, яқинан Аллоҳ бо мост}. [Сураи Тавба, ояти 40]
Имон киштии наҷоту раҳоист дигарон) бениёз шавад, мардум ба ӯ ниёзманд мешаванд. Ҳаргоҳ дар иртибот бо Худованд заиф гаштӣ, дар маърази даргирӣ ва кинаварзӣ қарор мегирӣ.Ғаму андӯҳе, ки бар рафиқи Ӯ, Сиддиқ (Аллоҳ аз Ӯ розӣ бод) ғалаба кард, на барои худаш буд, балки аз ин метарсид, ки зиндагии Расули Аллоҳ дӯчори хатар шавад ва даъвати тавҳид дӯчори ихтилол гардад, дар ҳоле, ки душманон дар назди ғор буданд, чунин гуфт: «Эй Расули Аллоҳ! агар яке онҳо ба зер бингарад, моро хоҳад дид! Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар ҳоле, ки Ӯро ором месохт, фармуд: “эй Абӯбакр! нисбат ба ду нафаре, ки Худованд саввуми онҳост, чӣ гумон дорӣ?».
(Ривоят аз Муслим аст).
Ва ин оромиш дами раббонӣ ва нӯрест, ки фарди ҳаросон ба он ором гирифта ва ҳангоми парешонӣ ба он итминон меёбад ва фарди ғамдида ва маҳзун ба он ором гирифта ва тасаллӣ ҳосил мекунад. Фарди хаста ба он оромиш ёфта ва фарди заифу нотавон ба он тавонманд мешавад ва саргардону гумроҳ ба он ҳидоят мешавад. Ин оромиш панҷараест, ки Худованд бар бандагони мӯмини худ мегӯшояд ва насими рӯҳбахшро бар сарзамини дили онон ҷорӣ месозад ва нӯри худро бар онон равшан мекунад ва атру бӯи хушро ба дилу димоғи онон мерасонад, то натиҷаи бархе аз корҳои хайри худро бичашад ва намунаи кӯчакеро аз он чӣ дар интизори онон аст, бубинад ва аз ин неъматҳо ва насими рӯҳбахш ва бӯи хушу райҳон ва сулҳу амон баҳраманд шавад.
Касе, ки ба ҳамроҳии Аллоҳ (аз дигарон) бениёз шавад, мардум ба ӯ ниёзманд мешаванд.3. Эътимод ба Аллоҳ:
Ҳамаи чиз дар дасти Аллоҳи арҷманду боазамат ҳаст ва аз он ҷумла сӯду зиён. Аллоҳ холиқи арҷманди боазамат аст ва Ӯ розиқу молик ва тадбиркунанда аст ва калиди осмонҳо ва замин дар дасти Ӯст ва ба ҳамин сабаб вақте мӯмин донист, ки ҷуз он чӣ Худованд аз хайру шар барояш навиштааст, чизи дигаре ба ӯ намерасад ва якдастии тамоми махлуқот бар хилофи он чӣ Ӯ навиштааст ва тақдир кардааст, сӯде намерасонад, дар он ҳангом медонад, ки фақат Ӯст сӯдрасону зиёндиҳанда ва бахшандаву боздоранда.
Ин фаҳм сабаби боло рафтани эътимод ба Аллоҳи азза ва ҷалла ва тавҳиди Ӯ дар дилаш устувор мешавад. Ба ҳамин сабаб Худованд касонеро маломат мекунад, ки чизҳоеро мепурсанд, ки сӯду зиёне ба парастишкунандаи худ намерасонад. Бобаракат аст он зоте, ки мефармояд: {Калидҳои осмону замин ба дасти Ӯст ва касоне, ки ба нишонаҳои Худованд куфр варзидаанд, инҳо зиёнкоронанад}.
[Сураи Зумар, ояти 63].
4. Таъзиму эҳтиром ба Худованд:
Ин асар дар зиндагии касе, ки ба Аллоҳ имон дорад, ошкор аст. Касе, ки фақат Ӯро мепарастад ва фақат ризояти Ӯро ҳадафи аъмоли худ қарор додааст. Вақте, ки мӯмин ба малакут ва подшоҳии Худованд дар осмонҳо ва замин фикр мекунад, ӯро насазад ҷуз ин, ки бигӯяд: {Парвардигорам аз рӯи дониш (ба) ҳама чиз иҳота дорад}.
[Сураи Анъом, ояти 80],
Ва мегӯяд: {Парвардигоро! инро ботил наёфаридаӣ, покӣ барои туст}.[Сураи Оли Имрон, ояти 191],
Ва тамоми инҳо ба иртиботи қалб бо Парвардигораш, ҳолиқи арҷманд ва боазамат далолат мекунад, то дар масири касби хушнӯдии Ӯ талош карда ва дар ростои эҳтиром ва бузургдошти шаръу қонуни Ӯ саъй кунад ва касеро, ки на барои худаш ва на барои дигарон, молики заррае дар замину асмон нест шарики Худованд насозад ва тамоми ин умур таъзиму эҳтиром ба Парвардигори арҷманду боазамат ва аз осори тавҳиди Рубубият бар мӯмин аст.
Дар дил парокандагие вуҷуд дорад, ки ҷуз рӯй овардан ба Аллоҳ, чизи дигаре онро ҷамъ намекунад. Дар он тарсу ваҳшате ҳаст, ки ҷуз бо унс гирифтан бо Аллоҳи мутаол аз байн намеравад ва дар он ғаму ғусае ҳаст, ки ҷуз бо шодӣ ва сурур ба шинохти Ӯ ва рафтори содиқона бо Ӯ аз байн намеравад”.