Раб: сарварест, ки намуна ва монанде надорад. Ӯ ислоҳкунандаи умури махлуқоти хеш буда ва неъматҳои худро бар сари онон сарозер кардааст. Ӯ он моликест, ки офаринишу ҳукм азони Ӯст. Вожаи раб барои махлуқ истифода намешавад, магар дар ҳолати изофа, монанди: Рабуд-дор: соҳҳиби хона, Рабул-мол, соҳиби мол. Аммо истифодаи мутлақ аз он фақат хоси Аллоҳи мутаъол аст.
Ва чун огоҳии мардум нисбат ба ниёзашон ба Раб ва Парвардигор аз фаҳми онон пеш аз илоҳ ва маъбуд аст, онон пеш аз дафъи ниёзмандиҳои дунёи дигар, қасди дафъи ниёзмандиҳо дар ин дунёи наздикро доранд, пас пеш аз иқрор ба улуҳият ба рубубияти Худованд иқрор намуда ва дуову хостаҳои худро матраҳ кардаанд. Аз Ӯ ёрӣ хоста ва бар Ӯ таваккал кардаанд ва инҳо бештар аз парастиш ва рӯоварӣ ба Ӯ будааст.
Раб ва рубубият дорои маънои бузургеаст, аз ҷумла: дахл ва тасарруф дар халқ ва додани рӯзӣ ва роҳнамоӣ. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Ва Зоте, ки Ӯ ба ман ғизо медиҳад ва ба ман (ошомиданӣ) менӯшонад (79) ва чун бемор шавам, Ӯ маро шифо мебахшад (80) ва Зоте, ки маро мемиронад, баъд аз он зинда мегарданад (81)}. [Сураи Шуъаро, оёти 79-81].