Аллоҳ солим аз ҳар айб аст..

 Аллоҳ солим аз ҳар айб аст..

Аллоҳ солим аз ҳар айб аст..

Бешак Аллоҳ солим аст: Аллоҳ салом аст ва саломатӣ аз Ӯ меҷӯшад ва ҳеҷ бандае ҷуз бо саломатии Ӯ ба саломатӣ намерасад ва ҳеҷ муваффақияте ҷуз ба тавфиқи Ӯ ҳосил намешавад.

Аллоҳ солим аст: солим аз ҳар гуна айбу нуқсон ва дигаронро аз ҳар гуна шарру бадӣ ва офат солим нигаҳ медорад.

Бешак Ӯ солим аст: Сифатҳои Ӯ аз ҳар гуна монандӣ ва мушобаҳат бо махлуқот солим буда ва аз ҳар гуна авсофи ноқису нотамом солим аст. Илму дониши Ӯ солим ва комил ва адли Ӯ солиму комил ва мулки Ӯ солиму комил, ҳукмаш солим ва қазояш солим, офариринишаш солим аст. Ӯ солиму беайб аст ва саломатӣ аз Ӯ ҷӯш мезанад. Бобаракат аст он Зот, соҳиби ҷалолу иззат.

Аллоҳи мутаол саломатиро дар ду ҷаҳон барои бандагонаш қарор додааст.

{Салом бар Иброҳим}.

[Сураи Софот, ояти 109]

{Салом бар Мусо ва Ҳорӯн}.[Сураи Соффот, ояти 120].

{Салом бар Паёмбарон}. [Сураи Соффот, ояти 181].

Ва дар бораи сарои охират Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ба саломат ва эминӣ ба он дохил шавед}. [Сураи Ҳиҷр, ояти 46].

“Солим”: саломатии комил, ки баъд аз он ҳеҷ гуна тарсу воҳима вуҷуд надорад, бахшишу гузаште, ки баъд аз он ҳеҷ гуна ҳаросе вуҷуд надорад.

Ӯ салом аст ва саломатӣ аз Ӯст.

Бешак Аллоҳ салом аст.



Tags: