Бешак Аллоҳ нӯр аст..
{Аллоҳ нӯри осмонҳо ва замин аст}. [Сураи Нӯр, ояти 35]..
“Нӯр”: Зоте, ки дилҳои орифин ба худро ба маърафат ва шинохти худ ва имон ба Ӯ мунаввар ва равшан намудааст ва қалбҳои онҳоро бо ҳидояти худ нӯронӣ сохтааст.
“Нӯр”: ба сабаби нӯраш торикиҳоро аз байн бурда ва осмонҳо ва заминро равшан намудааст ва роҳи равандагон ба сӯи худ ва дилҳои ононро равшан сохтааст.
Аллоҳ нӯр аст ва ҳамчунин ҳиҷобу пардаи Ӯ нӯр аст, ки агар онро канор бизанад, шукуҳу азамати Аллоҳи мутаол тамоми махлуқотро хокистар мекунад.
Бешак Аллоҳ нӯр аст..