Бешак Аллоҳ ҳисобгари кифояткунанда аст..
Аллоҳ аз бандагонаш ҳисоб мегирад.. Ӯ барои бандагонаш аз ҳар ҷиҳат кофист..
{Оё Аллоҳ барои бандааш басанда нест?} [Сураи Зумар, ояти 36].
“Аллоҳ моро басанда ва беҳтарин корсоз аст..”, ин суханро Иброҳими Халил ҳангоми андохта шудан дар оташ гуфт ва дар натиҷа оташ сард ва саломат гашт ва Саҳоба ин суханро изҳор доштанд дар сухани Аллоҳи мутаол:
{Бешак мардум (кофирон) барои (набард) бо шумо (сипоҳ) фароҳам намудаанд}. [Сураи Оли Имрон, ояти 173].
Пас гуфтанд:
{Аллоҳ моро басанда ва чӣ нек корсоз аст (173) пас (мӯминон) ба неъмату фазли илоҳӣ бозгашанд, ба онон газанде нарасид ва аз хушнӯдии Аллоҳ пайравӣ карданд}. [Сураи Оли Имрон, ояти 173-174].
“Тавоност”: Зоте, ки қуту рӯзии ҳар махлуқро ба ӯ мерасонад ва рӯзиро ба сӯйи махлуқоташ мерасонад ва бо ҳикмат ва ҳамду ситоишаш онро ба ҳар тараф, ки бихоҳад, мегардонад. “Ҳисобгар”: Ба бандагонаш доност, барои таваккалкунандагон басандааст, подоши аъмоли каму зиёд ва хубу бадро бар ҳасби ҳикмату дониши худ медиҳад. “Кифояткунанда”: бар тамоми ниёзҳои бандагонаш ва он чӣ ба он ниёз доранд, кофист ва ба шакли вижа бандаеро, ки ба Ӯ таваккал намуда ва имон оварда ва ниёзҳои дину дунёашро аз Ӯ бихоҳад, кифоят мекунад.Аллоҳ ҳисобгар ва ҳисобраси бандагонаш аст, бар кирдорашон ҳисобгар буда ва бар асоси кирдорашон ба онон подоши нек ё кайфари бад медиҳад.
{Ва Ӯ сареътарин ҳисобгар аст}..
[Сураи Анъом, ояти 62].
“Ҳисобгар”: ба тамоми ҷузъиёт ва тафосили зоҳир ва ботини кирдори бандагонаш иҳотаи дақиқ дорад.
Эй Парвардигор, эй Зоти кифояткунанда! моро дар ҳар чӣ ба худ машғӯл сохтааст, кифоят кун ва рушду ҳидоятро бароямон илҳом кун ва хӯбии моро бияфзо эй Парвардигори саховатманд.
{Ва Аллоҳ ба унвони ҳисобгар басанда аст}.
[Сураи Нисо, ояти 6].
Бешак Аллоҳ ҳисобгари кофист..