Аллоҳ ворис аст..

 Аллоҳ ворис аст..

Аллоҳ ворис аст..

Бешак Ӯ Аллоҳи ворис аст..

{Ва бешак мо зинда мекунем ва мемиронем ва мо ворис ҳастем}.

[Сураи Ҳиҷр, ояти 23].

“Ворис”: Зоте, ки замин ва ҳар он чӣ дар он аст, ирс мебарад ва чизе ҷуз он Зоти анҷманд боқӣ нахоҳад монд.

“Ворис”: Ӯ баъд аз махлуқоташ боқӣ хоҳад монд, ба хотири камоли подшоҳияш ҳар подшоҳӣ ва салтанат ба мулки подшоҳии Ӯ бозмегардад. Аз зулму ситам ва саркашӣ ва такаббур ҳушдор дода ва бозгашти ҳама ба сӯи Аллоҳ аст, зеро Ӯ ворис аст.

“Ворис”: бандагонашро дар роҳи худаш ба нафақа ташвиқ мекунад, пас молу сарват як амонат аст ва умр фонист ва бозгашт ба сӯи Парвардигори ворис аст.

“Ворис”: бандагонашро аз ношукрӣ барҳазар медорад, пас асли неъмат аз они Ӯст ва саранҷоми он низ аз они Ӯст.

“Ворис”: замин ва ҳар он чӣ бар он аст, мероси Ӯст ва ҳар он чӣ баъд аз бандагон барҷо мемонад, аз они Ӯст, Ӯ ҳамаро ба ирс мебарад.

{Ва мо меросбари (онон) будем}. [Сураи Қасас, ояти 58].

Бешак Аллоҳ ворис аст..



Tags: