Бешак Аллоҳ яккаи ягона аст..
Эй он, ки дорои зоти ваҳдоният ва ваҳдонияти Асмо ва ваҳдонияти Сифот ҳастӣ!
Аз ту ихлос, дӯстӣ ва шавқро дархост дорем эй Парвардигори якто, эй бениёз!.
“Якто”: дар Зот, Сифот ва Асмо яктост, Ӯ ҳеҷ шабеҳу монанд ва ҳамтову ҳампояе надорад.
{Оё ҳамтое барои Ӯ мешиносӣ}.
[Сураи Марям, ояти 65].
“Якто”: якто дар Улуҳияте, ки мустаҳиқи парастиш аст, ҳеҷ чиз ҷуз Аллоҳи боазамат ба ҳақ парастиш намешавад ва ҳеҷ парастише чӣ кам ва чӣ зиёд ҷуз Ӯ раво нест.
“Якто”: яктои мақсуд ва Парвардигори маъбуд, ки дилҳо ба ин гувоҳӣ додаанд ва дидагон ба он донандаи ғайб вобаста шудаанд.
“Яккаи ягона”: Аллоҳи мутаол бандагонашро бар асоси тавҳиди худаш, ки ҳеҷ шарике надорад, офаридааст, ҳеҷ кас бо рӯй овардан ба ғайри Ӯ растагор намешавад ва ҳеҷ кас бо парастиши ғайри Ӯ хушбахт намегардад ва ҳеҷ кас бо шарик қоил шудан ба Ӯ муваффақ нашудааст.
Бешак Аллоҳ зоти якто ва ягона аст.