Аллоҳ тавбапазир аст..

 Аллоҳ тавбапазир аст..

Аллоҳ тавбапазир аст..

Бешак Аллоҳ тавбапазир аст..

{Бешак Аллоҳ тавбапазири меҳрубон аст}.. [Сураи Тавба, ояти 118].

“Тавбапазир”: он Зоте, ки тавбаро бар бардагонаш қарор додааст ва ин аз фазлу эҳсон ва лутфу карами Ӯст, балки барои онон бештар аз ин ваъда дода, ки бадиҳоро ба некӣ табдил медиҳад.

“Тавбапазир”: он Зоте, ки бандагонро бар анҷоми тавбаашон собит медорад ва онҳоро дар анҷоми вазоиф ёрӣ мерасонад.

“Тавбапазир”: он Зоте, ки бандагонашро тавфиқи тавба медиҳад ва ононро барои он ташвиқ карда ва тавбаро барои онон маҳбуб ҷилва медиҳад.

“Тавбапазир”: он Зоте, ки тавбаро аз бандагонаш мепазирад ва онҳоро подош медиҳад ва дараҷаҳои ононро боло бурда ва иштибоҳотро дӯр мекунад. Арҷманду бо азамат ва чӣ қадар шаъну мақоми Ӯ баланд аст.

Бешак Аллоҳ тавбапазир аст..



Tags: