Аллоҳи мутаол мефармояд: {Оё надонистӣ, ки Худованд чӣ гуна масал мезанад, сухани покро монанди дарахти поке (қарор дод), ки решааш устувор ва шохаҳояш дар осмон бошад (24) меваҳояшро ба ҳукми Парвардигораш дар ҳама замон медиҳад}.
[Сураи Иброҳим, оёти 24-25],
Аз ҷумлаи самароти имон мавриди зайл ҳастанд:
1. Имони ростин, итминон ва оромиши равонӣ ва гушоиши синаро ба вуҷуд меорад ва ин мисдоқи сухани Аллоҳи мутаол аст, ки мефармояд:
{Бидон, ки дӯстони Аллоҳ на биме бар онон аст ва на онон андуҳгин мешаванд}
[Сураи Юнус, ояти 62].
2. Ба даст овардани ҳамроҳии хоси Аллоҳи мутаъол барои мӯминон. Яъне онҳоро аз торикиҳои куфр ва натоиҷи он ба сӯи нӯри имон ва подоши он берун месозад.
3. Пирӯзӣ ба хушнудии Худованд ва ба биҳиште, ки барои мӯминон омода кардааст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Худованд ба мардону занони мӯмин боғҳоеро ваъда додааст, ки аз зери он дарёҳо равон аст, ки дар он ҷо ҷовидонанд ва (низ) сароҳои пок дар биҳиштҳои ҷовидон ва хушнудии Аллоҳ (басе) бузургтар аст} [Сураи Тавба, ояти 72].
4. Худованд аз дӯстон ва ҳизбу маҳбубони мӯмини хеш ҳимоят мекунад: {Бешак Аллоҳ (шари мушрикинро) аз мӯминон боз медорад}[Сураи Ҳаҷ, ояти 38].
Ва аз он ҷумла: ҳимояти Аллоҳи мутаол аз Паёмбараш, Муҳаммад (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар вақти ҳиҷрат аз Макка ба Мадина ва ҳимояти Ӯ аз Иброҳими Халил (дуруду саломи Аллоҳ ба Ӯ бод) он гоҳ, ки дар оташ андохта шуд.
Имон ба Аллоҳ як иртибот байни заъфу нотавон ва Парвардигораш аст, ҳамон гуна, ки фарди қавӣ низ нерӯи худро аз Ӯ мегирад.5. Арҷмандӣ ва пешвоӣ дар дин. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Ва аз онҳо чун шикебоӣ варзиданд ва ба оёти мо яқин қарданд, пешвоёне қарор додем}.
[Сураи Саҷда, ояти 24],
Ҳеҷ чиз бештар аз пешвоии диндорон ва соҳибони яқин ба Худованд, далолат бар ин намекунад. Худованд ёди ононро ҷовидон ниҳода ва осори ононро бар ҷой гузоштааст, дар ҳоле, ки онҳо дар гӯр ва зери хок хобидаанд, вуҷуди онон аз рӯи замин рахт баста, аммо осори онон ва ахборашон дар зиндагӣ вуҷуд дорад.
6. Муҳаббати Аллоҳи мутаъол ба мӯминон. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ононро дӯст медорад ва (онон низ) Ӯро дӯст медоранд}.[Сураи Моида, ояти 54],
Ва мефармояд:
{Ононе, ки имон овадаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, Худованд барояшон дӯстӣ муқаррар хоҳад кард}.
[Сураи Марям, ояти 96].
7. Зиндагии поку покиза дар ду ҷаҳон: Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Ҳар кас дар ҳоле, ки мӯмин аст, кори шоиста анҷом диҳад, хоҳ мард бошад ё зан, ӯро ба зиндагии пок зинда медорем ва подоши онҳоро ба (ҳасби) накӯтарини он чӣ мекарданд, ба онон медиҳем}.
[Сураи Наҳл, ояти 97],
Куҷоянд касоне, ки дар пайи зиндагии поку хушбатона ҳастанд?
8. Муҳаббати Аллоҳи мутаол бо мӯмин ва муҳаббати мӯмин бо Аллоҳи мутаол. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ононро дӯст медорад ва (онон низ) Ӯро дӯст медоранд}.
[Сураи Моида, ояти 54],
Яъне: ононро дӯст дорад ва муҳаббати ононро дар байни мардум қарор медиҳад.
9. Ба даст овардани башорат барои аҳли имон бо таваҷҷуҳ ва инояти Аллоҳи мутаол ба онон. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Ва ба мӯмнон башорат бидеҳ}.
[Сураи Тавба, ояти 112].
Башорат ва мужда ба чизи бузурге сурат мепазирад, ки асари он дар чеҳра ошкор мешавад ва ба ҳамин сабаб ба ин ном номгузорӣ шудааст ва ҳеҷ чиз аз раҳмат ва хушнӯдӣ ва биҳишти Аллоҳи мутаол болотар нест. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Ва ба касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, мужда бидеҳ, ки онон боғҳое доранд, ки зери онҳо дарёҳо равон аст}.
[Сураи Бақара, ояти 25].
10. Имон сабаби субот ва собитқадамӣ мебошад. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Касоне, ки мардум ба онон гуфтанд: бешак мардуми (кофир) барои (набард) бо шумо (сипоҳ) фароҳам кардаанд, пас аз онҳо (сипоҳи куффор) битарасед, (ин сухан) имонашонро афзӯн сохт ва гуфтанд: Худованд моро басанда аст ва чӣ нек корсозест}.
[Cураи Оли Имрон, ояти 173],
Беш аз ҳама чиз фидокориҳои Паёмбарон ва Саҳоба ва тобеин ва касоне, ки бар барномаи онон рафтаанд ва таърих онҳоро сабт кардааст, бар ин мавзуъ далолат мекунанд.
11. Баҳра бурдан аз мавъиза ва насиҳат. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Ва панд бидеҳ, бешак панд додан ба мӯминон сӯд мебахшад}.
[Сураи Зориёт, ояти 55],
Фақат аҳли имон аз насиҳат ва мавъиза сӯд мебаранд.
12. Хайрро дар ҳар ҳол барои мӯмин қарор додааст. Дар ҳолати рафоҳ ва дар ҳолати тангдастӣ, дар ҳар ҳол хайру хубӣ ҳамроҳи мӯмин аст. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ ба Ӯ бод) мефармояд:
«Ҳоли мӯмин шигифтовар аст, ки саропо кораш ҳама хайр аст ва ин барои касе ғайр аз мӯмин нест, агар хушӣ ба ӯ бирасад, шукргузорӣ мекунад ва ин барояш хуб аст ва агар зиёне бар ӯ бирасад, сабру шикебоӣ мекунад ва ин барояш низ хуб аст».
(Ривоят аз Муслим аст).
Имон соҳибашро бар таҳаммули сабр дар ҳолати зиён ва шукргузорӣ дар ҳолати шодӣ ва хушӣ вомедорад.
13. Ҳифзи мӯмин аз иртикоби гуноҳони кабира. Дар ривояти саҳеҳ аз Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) омадааст, ки мефармояд:
«Зинокор дар ҳолати зино бо имон нест»(Ривоят аз Бухорӣ аст).
Инҳо самараҳои возеҳ ва бузурги имон ҳастанд, пас куҷоянд касоне, ки дар пайи осоиш ва оромиши хаёланд?
Аз ҷумлаи осори имон дар зиндагии мӯмин:
1. Афзоиши ҳирси мӯмин барои фармонпазирӣ аз қонун ва шаръи мутаҳҳҳари Худованд: Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Сухани мӯминон чун ба (роҳ)и Худованд ва Расулаш фарохонда шаванд, то байни онон ҳукм кунад, фақат ин аст, ки мегӯянд: шунидем ва фармон бурдем ва инҳоянд растагор}. [Cураи Нӯр, ояти 51] .
Имон соҳибашро ба фармонпазирӣ ва инқиёд аз дастури Аллоҳи мутаол вомедорад.
Имон ба Худованд зиндагист.. Зиндагӣ бо Худованд имон аст.Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Савганд ба Парвардигорат (дар ҳақиқат) мусалмон нестанд, магар ин, ки дар ихтилофе, ки байни онон даргирифт, туро довар кунанд, онгоҳ аз он чӣ ҳукм кардӣ дар худ ҳеҷ дилтангӣ наёбанд ва комилан гардан ниҳанд}.[Сураи Нисо, ояти 65].
Балки имон соҳибашро ба гардан ниҳодан ва ризоят ба дастури Аллоҳи мутаъол фаро мехонад.
2. Ҳифозати Аллоҳи мутаол аз бандааш дар баробари ширки ошкор ва пинҳон. Банда ҳеҷ дархост, дуо ва ёрӣ ҷӯстанро аз ғайри Аллоҳи мутаол талаб намекунад. Сӯду зиён ба дасти Аллоҳи мутаол аст:
{Агар Худованд (бихоҳад) газанде ба ту расонад, боздорандае барои он ҷуз худи Ӯ нест}.
[Сураи Анъом, ояти 17].
3. Дӯстӣ ва душманӣ дар роҳи Худованд ва барои Ӯ ва ин мустаҳкамтарин ресмони имон аст. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Бешак мӯминон бо ҳам бародаранд}.[Сураи Ҳуҷурот, ояти 10],
Ва ҳеҷ чиз беш аз бародарӣ байни Муҳоҷирин ва Ансор бар ин далолат намекунад, зеро онҳо ҷону молро тақдими бародари худ намуданд. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:
«Ҳаргиз касе аз шумо мӯмини комил намешавад, то дӯст бидорад барои бародари мӯминаш он чиро барои худ дӯст медорад».
(Ривоят аз Бухорӣ аст).
{Эй касоне, ки имон овардаед, имон биёваред}, фаро хондани онон ба сӯи имон ва ташвиқ бар он, ба сабаби ҷойгоҳи бузурги он аст.4. Шикебоӣ дар ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ва бахшидани ҳар чизи гаронбаҳо ва бо арзиш дар ин роҳ, то Аллоҳи мутаъол розӣ шавад. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Мӯминон танҳо касонеанд, ки ба Аллоҳ ва Расулаш имон овардаанд, онгоҳ шак ба дил роҳ надодаанд ва бо амволу ҷонҳояшон дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кардаанд, инҳоянд ростгӯён}.[Сураи Ҳуҷурот, ояти 15].
5. Саодату хушбахтии қалб ба эътимод бар Худованд ва яқин нисбат ба ваъдаҳои Ӯ ва ба он чизест, ки дар назди Ӯ вуҷуд дорад. Биҳишти дунё дар назари Ӯ имон ва пайравӣ аз Аллоҳи мутаол аст ва умеди расидан ба биҳишти охиратро дорад, ки Аллоҳи мутаол ба ӯ ваъда додааст, балки бештар аз ин ӯ умеди подоши аъмоли худро дорад ва интизор дорад дар баробари тамоми хастагиҳо, ранҷҳову резиши арақ, подоши худро аз тарафи Аллоҳи мутаол дарёфт кунад ва дар номаи аъмоли ӯ навишта мешаванд. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Барои аҳли Мадина ва касоне аз бодиянишиноне, ки гирду атрофи он ҳастанд, раво нест, ки аз Расули Аллоҳ ақиб монанд (ва бо Ӯ барои ҷиҳод аз манзилашон набароянд) ва (низ раво нест) ки ҷони худро аз ҷони Ӯ азизтар доранд. Ин аз он сабаб аст, ки ҳеҷ ташнагӣ ва ранҷу гуруснагие дар роҳи Аллоҳ ба онон намерасад ва ҷое, ки кофиронро ба хашм меорад, тай накунанд ва аз (ҳеҷ) душмане дастбурде ба даст намеоранд, магар ин, ки ба (подош)и он барояшон кирдори шоиста навишта хоҳад шуд. Худованд подоши накӯкоронро зоеъ намекунад (120) ва ҳеҷ нафақае - чӣ андак ва ё бисёр- харҷ намекунанд ва ҳеҷ майдонеро тай намекунанд, магар он, ки ба (сӯдашон) навишта хоҳад шуд, то Худованд ба (поси) накӯтарини он чӣ мекарданд, ба онон подош диҳад (121)}.
[Сураи Тавба, ояти 120-121],
Тамоми инҳо барои касонест, ки ба Ӯ имон оварда ва содиқ бошанд.
6. Даст ёфтан ба дӯстии Аллоҳ ва Расули Ӯ. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Бешак валии шумо Худованд ва Расулаш ва касоне, ки имон оварданд мебошанд}.[Сураи Моида, ояти 55].
Вилояти Аллоҳи мутаол яъне: муҳаббати Худованди пок ва ёрии дини Ӯ ва дӯстӣ бо дӯстони Ӯ ва дурӣ аз душманони Ӯ, касоне, ки тарафи муқобили Ӯ қарор доранд. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Гуруҳеро, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон меоранд, нахоҳӣ ёфт, ки бо касе, ки бо Аллоҳ ва Расулаш мухолифат варзидааст, дӯстӣ кунанд ва агар чӣ падаронашон ё фарзандонашон ё бародаронашон ё хешовандонашон бошанд. Инҳоянд, ки (Аллоҳи мутаол) дар дилҳояшон имонро нигоштааст ва ононро бо файзе аз сӯи худ тавон додааст ва ононро ба боғҳое дохил мекунад, ки аз зери он дарёҳо равон аст ва дар онон ҷовидонанд. Худованд аз онон хушнӯд аст ва онон низ аз Ӯ хушнӯданд. Инҳо сипоҳиёни Аллоҳ ҳастанд. Огоҳ бошед, ки сипоҳиёни Аллоҳ растагоранд}.[Сураи Муҷодала, ояти 22],
Балки мӯмин Аллоҳ ва Расулу мӯминонро ба дӯстӣ мегирад ва ҳаргиз ба кофирон дасти дӯстӣ намедиҳад. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Мӯминон набояд кофиронро ба ҷои мӯминон дӯстони (хеш) қарор диҳанд}.[Сураи Оли Имрон, ояти 28].
7. Соҳиби ахлоқи накӯ мешавад. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ ба Ӯ бод) мефармояд:
«Ҳаё ва имон ба ҳам мутасиланд, ҳаргоҳ яке аз байн рафт, дигаре ҳам аз байн меравад».(Ривоят аз Байҳақӣ аст).
Ҳаё аз бузургтарин хислатҳои ахлоқист. Мӯмин ахлоқашро бо бародараш накӯ месозад, то дар биҳишти дунё бидуни мушкилу ихтилоф ва душманӣ зиндагӣ кунад. Ин ба он сабаб аст, ки ӯ мӯмин аст ва ин фақат барои мӯмин аст.
8. Хушбахтии асосӣ ва осоиши равонӣ сабаб мешавад, ки ӯ эҳсос кунад дар биҳишти дунё дар хушбахтӣ ва роҳати хаёл аст, зеро ӯ як Парвардигор дорад, ки Аллоҳ аст ва як паёмбар дорад, ки Муҳаммад бини Абдуллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ва як барнома дорад ва он пайравӣ аз ризояти Аллоҳи мутаъол аст ва як ҳадаф дорад, ки он расидан ба биҳиштест, ки паҳноияш ба монанди вусъати осмону замин аст.
Ин тараф ва он тараф нигоҳ мекунӣ мебинӣ бемористонҳо пур аз беморанд, ки гила ва шикоят ва ғаму ғусаҳо ва ранҷи худро ҳикоят мекунанд ва аз камхобӣ ва афсурдагӣ ва кобусҳои шабона дар азобанд ва ту ба таври яқин медонӣ, ки тамоми ин бемориҳо ба сабаби дӯрӣ аз имон ба Аллоҳи мутаол, майл ба дунё ва такя бар он аст. Модиёт бар маънавиёт ва ҷанбаи рӯҳии башар туғён карда ва чира шудааст ва инсон шадидан ба ин ниёз дорад, ки то ҷанбаи рӯҳии худро ишбоъ кунад ва ин имкон надорад, магар бо имони ростин ба Аллоҳи мутаол ва эътимод бар Ӯ ва ёди ҳамешагии Ӯ ва имон ба фариштагону китобҳои осмонӣ ва ба Расулон ва имон ба тақдири хайру шар, талху ширин, ки ҳамагӣ аз тарафи Аллоҳи мутаол аст.
Ба ҳар ҳол бисёре аз инсонҳо аз дармони қалб ва роҳатии дил ва биҳишти дунё ғофил гашта ва дар паи умури беарзиши ин ҷаҳон худро ба ранҷу азоб андохтаанд ва на ба он чӣ мехоҳанд мерасанд ва на ба роҳатӣ ва осоише даст меёбанд, ки аз оғози роҳ дар пайи онанд.
Сер сохтани ҷониби рӯҳӣ фақат бо имон мумкин мешавад, зеро рӯҳ аз тарафи Аллоҳи мутаол аст ва Аллоҳи мутаол ҷисмро аз хок офаридааст. Ҳаргоҳ, ки ҷониби рӯҳиро сероб ва ишбоъ кардӣ, майли ту ба умури пасти дунявӣ коҳиш меёбад ва ба самти умур ва фазои маънавӣ гароиш меёбӣ ва ба самти боло равон мешавӣ ва ҳаргоҳ аз ин ҷанба ғофил шудӣ, нафси ту ба табиати ҳайвонӣ ва шаҳвонии худ бармегардад ва ба ранҷу сахтӣ дӯчор мешавад ва дунё дар баробари дидагонаш тира ва тор мешавад.