Ҳамаи бандагон ба сӯи Аллоҳ боз мегарданд ва бозгашти ҳамагӣ ба сӯи Ӯст. Ин рукни асили имон ба Аллоҳи мутаол, балки аз аркони имон аст: аз ҷумали аркони имон, имон ба рӯзи растохез аст. Замоне, ки Ҷабраил дар назди Саҳоба барои омӯзиши онон аркони имонро аз Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) пурсид, ба Ӯ гуфт: «(Имон онаст), ки ба Аллоҳ ва фариштагон, китобҳои Ӯ, Расулони Ӯ, рӯзи растохез ва ба тақдири хайр ва шар аз ҷониби Ӯ, имон биёварӣ».(Ривоят аз Муслим аст).
Он рӯз, ба рӯзи дигар, ё рӯзи бозпасин номгузорӣ шудааст, зеро баъд аз он рӯзи дигаре нест ва баъд аз он биҳиштиён дар биҳишт ва дӯзахиён дар дӯзах ҷой мегиранд. Дар Қуръони Карим ин рӯз ба номҳои зиёде номгузорӣ шуда, ки бар азамат ва ҷойгоҳу аҳамияти рӯйдодҳои он рӯз далолат мекунад, аз ҷумла номҳои он иборатанд аз: рӯзи “Воқеа”, зеро вуқуъи он қатъӣ ва ҳатмист, “Хофиза” ва “Рофиа”, зеро қавме бо даромадан дар биҳишт, мақоми рафеъ ва баланд меёбанд ва дастае бо сарнагун шудан дар дӯзах, хору залил мешаванд. Рӯзи ҳисоб ва ҷазо ва рӯзи “Алҳоққаҳ”, яъне рӯзе, ки ахборе, ки Худованд дода буд, таҳаққуқ меёбад. Рӯзи “Томма”, яъне рӯзи ғалаба ёфтан ва “Соххаҳ”, яъне фарёди гушхарош, зеро фарёди сӯр сабаби кар шудани мардум мешавад. Ва рӯзи “Ваъид”- ҳушдор-, яъне ҳушдории Худованд дар бораи кофирон таҳаққуқ пайдо мекунад ва рӯзи “Ҳасрат”, зеро дар он рӯз ҳасрату афсуси фаровон аст ва “Явмут-талоқ”- гирд омадан- ба маънои дидор, зеро дар он рӯз ҳамаи мардум дар як макон гирди ҳам меоянд ва “Явмул-азифаҳ”-наздик-, рӯзи наздик ба сабаби шиддати наздикии он ва “Явмут-танод”- рӯзи фарёд-, зеро дар он рӯз фарёдҳои зиёде зада мешавад, биҳиштиён дӯзахиёнро садо мезананд ва дӯзахиён биҳиштиёнро ва рӯзи “Ақим” чаро, ки баъд аз он рӯзи дигаре нест ва “Дорул-охираҳ” ва “Дорул-қарор” ва “Ғошияҳ”- фарогир-, зеро ҳамаи мардумро фаро мегирад.. ва дигар номҳои он рӯз
Аввал: имон ба он чӣ баъд аз марг рӯх медиҳад:
Қабр ва саволу ҷавоби он:
Ин ҳамон пурсиш аз мурда баъд аз дафни ӯст, ки дар бораи Раб, Дин ва Набии Ӯ пурсида мешавад. Аллоҳи мутаол мӯминонро устувор нигаҳ медорад ва посӯх медиҳанд, ки Раби ман Аллоҳ, дини ман Ислом ва набии ман Муҳаммад аст ва Аллоҳи мутаол кофиронро гумроҳ мекунад ва посӯх медиҳанд: (оҳо, оҳо намедонам) ва фарди мунофиқ ва мутараддид посӯх медиҳад: (ман намедонам, ман шунидам, ки мардум чизе мегуфтанд, ман ҳам гуфтам).
Азоби қабр ва неъмати он:
Азоби қабр барои ситамгарон, мунофиқон, кофирон ва барои бархе аз мӯминони гунаҳкор мебошад. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва чун бинӣ онгоҳ, ки ситамгарон дар сакароти марганд ва фариштагон дастони худро гушодаанд (ва мегӯянд) ҷонҳоятонро берӯн оваред (шигифтзада мешавӣ), имрӯз ба (сазои) он чӣ ба ноҳақ бар Худованд мегуфтед ва (ба сазои он, ки) аз оёташ саркашӣ мекардед, ба азоби хоркунанда кайфар дода мешавед}.[Сураи Анъом, ояти 93]
Ва Аллоҳи мутаол дар бораи Оли Фиръавн мефармояд: {Оташи (дӯзах ононро фуру гирифт), ки ҳангоми субҳу шом бар он арза мешаванд ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад (гӯем) фиръавниёнро ба сахтарин азоб дароваред}.
[Сураи Ғофир, ояти 46],
Дар ҳадиси Зайд бини Собит аз Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ривоят аст, ки фармуданд:«Агар тарси ин намебуд, ки мурдагони худро дафн накунед, дуо мекардам, ки Худованд садои нолаҳои азоби қабрро, ки ман мешунавам, ба шумо бишунавонад”, пас фармуд: “Аз азоби қабр ба Худованд паноҳ бибаред”, мо гуфтем: аз азоби қабр ба Худованд паноҳ мебарем, пас фармуд: “Ба Худованд паноҳ бибаред аз азоби оташ”, мо гуфтем: аз азоби оташ ба Худованд паноҳ мебарем. Фармуд: “Ба Худованд паноҳ бибаред аз фитнаҳои ошкору пинҳон”, гуфем: паноҳ бар Худованд аз фитнаҳо, он чӣ ошкор бошад, ё пинҳон бошад. Фармуд: “Аз фитнаи Даҷҷол ба Худованд паноҳ бибаред».
(Ривоят аз Муслим аст).
Аммо неъматҳои қабр барои мӯминони ростин мебошад. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Касоне, ки гуфтанд Парвардигорамон Аллоҳ аст, онгоҳ устувор монданд, фариштагон (бо ин паём) бар онон фуру меоянд, ки: натарсед ва андуҳгин набошед ва ба биҳиште, ки ваъда дода мешудед, хӯш бошед}
[Сураи Фуссилат, ояти 30].
Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Пас ҳангоме, ки (ҷонҳо) ба ҳалқум мерасад (83) ва шумо онгоҳ менигаред (84) ва мо аз шумо ба ӯ (майит) наздиктарем, вале дарк намекунед (85) пас агар ҷазо намебинед (86) чаро агар ростгӯед он (ҷон)ро барнамегардонед (87) пас аммо агар аз муққарабини (даргоҳи илоҳӣ) бошад (88) осоиш ва райҳону боғи пурнозу неъмат дорад (89) ва аммо агар аз некбахтон бошад (90) пас барои ту (эй майит) аз некбахтон салом (91) ва аммо агар аз такзибкунандагони гумроҳ бошад (92) пазироии ӯ бо оби ҷӯшон (93) ва даровардан ба дӯзах аст (94) бегумон ин хабар рост ва яқин аст (95) пас номи Парвардигори бузургтатро ба покӣ ёд кун (96)}.
[Сураи Воқеа, ояти 83- 96],
Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар бораи мӯмин, онгоҳ, ки ба ду фаришта посӯх дод, мегӯяд: «Нидодиҳандае аз осмон нидо медиҳад, ки: бандаи ман рост гуфт, аз биҳишт барояш бигустаронед ва аз биҳишт бипӯшонед ва аз биҳишт барояш даре бикушоед ва аз бӯи хуш ва ҳавои латифи он ба ӯ мерасад ва қабраш ба вусъати дидаш кушод мешавад»
(Ривоят аз Аҳмад ва Абӯдовуд аст дар ривояти тулонӣ).
Дуввум: Имон ба рӯзи растохез:
Ва он зинда карданди мурдагон аст, онгоҳ, ки бори дуввум дар сӯр дамида мешавад, мардум назди Парвардигори ҷаҳониён аз гӯрҳо бармехезанд, побараҳна бидуни ҳеҷ кафше ва луч бидуни ҳеҷ гуна либосе ва хатнаношуда. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ҳамчуноне, ки нахустин офаринишро оғоз кардем (дигарбора) онро такрор хоҳем кард (ки ба унвони) ваъдаи лозим бар мост, бегумон мо тавоно (бар ин) корем}
[Сураи Анбиё, ояти 104].
Ва растохез ҳакқ аст ва бо Китоб ва Суннат ва иҷмои мусалмонон собит шудааст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Сипас шумо пас аз ин хоҳед мурд (15) онгоҳ қатъан шумо рӯзи қиёмат барангехта хоҳед шуд (16)}
[Сураи Мӯминун, ояти 15-16].
Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармудааст: «Рӯзи растохез мардум побараҳна ва хатнаношуда барангехта мешаванд»
(Ривояти мутафақун алайҳӣ аст).
Мусалмонон бар дурустии он иҷмоъ кардаанд ва он муқтазои ҳикмат аст, ки Худованд барои ин офариниш растохезе қарор диҳад, то дар он бар асоси он чӣ ба забони Паёмбарон барои онон фуру фиристода, ба онҳо подош ва кайфар диҳад. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Оё шумо пиндоштед, ки мо шуморо беҳуда офаридаем ва шумо ба сӯи мо боз гардонда намешавед}.[Сураи Муминун, ояти 115],
Ва Аллоҳи мутаол ба паёмбараш мефармояд: {Бешак касе, ки Қуръонро бар ту воҷиб кард, қатъан туро ба бозгаштгоҳе боз хоҳад гардонд}.
[Сураи Қасас, ояти 85]
Саввум: имон ба он чӣ дар бораи аломот ва нишонаҳои рӯзи растохез омадааст:
Ва инҳо ҳамон рӯйдодҳое ҳастанд, ки пеш аз вуқуи қиёмат рӯх дода ва бар наздикии он далолат мекунанд ва ба ду навъи бузург ва кӯчак тақсим мешаванд.
Нишонаҳои кӯчак:
Ин маҷмуаи рӯйдодҳое ҳастанд, ки пеш аз вуқуи қиёмат ба муддати тӯлонӣ рӯх медиҳанд ва бархе аз онҳо рӯх дода ва поён пазируфта ва бархи дигаре ошкор шудаанд ва то ҳанӯз ошкор мешаванд ва идома доранд. Бархи дигар то ҳанӯз рӯх надода ва ба зудӣ рӯх хоҳад дорад, ҳамон гуна, ки Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) хабар додааст, монанди беъсати Расули Аллоҳ ва вафоти Ӯ ва фатҳи Байтулмуқаддас ва зоҳир шудани фитнаҳо, аз байн рафтани амонатдорӣ, аз байн рафтани илму дониш, зуҳури ҷаҳлу нодонӣ, интишори зино ва робитаҳои номашруъ, рибохурӣ, зуҳури олоти мусиқӣ, афзоиши шурби хамр ва ифтихори чупонҳо дар сохтмонҳои баландмартаба, афзоиши бадрафтории фарзандон бо модарон ва ҳамзистӣ бо онон ҳамчун хидамтгор, афзоиши куштору зилзила, фуру рафтан ва балъида шудан ба василаи замин ва ифтиро ва зуҳури занони пӯшида, аммо урён, афзоиши гувоҳӣ ва шаҳодати дуруғин ва пинҳон кардани гувоҳии ростин ва дигар мавориде, ки дар китоби Аллоҳ ва суннати Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) омадааст.
Нишонаҳои бузург:
Инҳо маҷмуае аз рӯйдодҳои бузург ҳастанд, ки ба наздикии қиёмат далолат мекунанд ва ин, ки замони зиёде то вуқуъи қиёмат намондааст ва ин маҷмуъа даҳ нишона дорад: Даҷҷол, фуруд омадани Исо писари Марям, зуҳури Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ ва се бор фуру рафтани замин: яке дар машриқ, яке дар мағриб ва дигаре дар Ҷазираи Араб, зуҳури дӯд, тулуъи хуршед аз самти мағриб, падидор шудани як ҳайвон ва оташе, ки мардумро ба самти маҳали ҳашр мебарад. Ин нишонаҳо пай дар пай меоянд, вақте нахустин нишона ошкор шуд, дигар нишонаҳо дар пайи он меоянд.
Чаҳорум: имон ба рӯйдодҳои ваҳшатноки рӯзи растохез, монанди:
1. Кӯбидан ва ҳамвор шудани куҳҳои баланд бо замин. Аллоҳи мутаол мефармояд: Ва куҳҳоро бинӣ (ва) гумон мекунӣ онҳо сокин ҳастанд, ҳоло он, ки онҳо монанди абр даргузаранд}.
[Сураи Намл, ояти 88],
Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва куҳҳо сахт хурду реза шаванд (5) ва монанди ғубор пароканда гарданд (6)}.
[Сураи Воқеа, ояти 5-6].
Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва куҳҳо монанди пашми рангин шаванд}[Сураи Маъориҷ, ояти 9],
Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва дар бораи куҳҳо аз ту мепурсанд, бигу: Парвардигорам онро сахт пароканда хоҳад кард (105) ва онро (монанди) майдон ҳамвор хоҳад гардонд (106), ки дар онҷо ҳеҷ нишебу фарозе нахоҳӣ дид (107)}.
[Сураи Тоҳо, ояти 105-107].
2. Мунфаҷир шудани дарёҳо ва шуълавар ва оташ шудани онҳо. Ин дарёҳо, ки қисмати аъзами кураи заминро дарбар гирифтаанд, дар он рӯз мунфаҷир мешаванд. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва ҳангоме, ки дарёҳо мунфаҷир шаванд}.[Сураи Инфитор, ояти 3],{Ҳангоме, ки дарёҳо афрухта шаванд}.
[Сураи Таквир, ояти 6].
3. Табдил шудани замин ва осмонҳо аз вазъе, ки мардум онро мешоҳида мекунанд. Онҳо дар замине барангехта мешаванд, ки нисбат ба он ҳеҷ шинохт ва асаре надоранд. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Рӯзе, ки замин ба замини дигаре табдил шавад ва осмонҳо (низ чунин шаванд) ва ба пешгоҳи Худованди ягонаи қаҳҳор ошкор шаванд}.
[Сураи Иброҳим, ояти 48].
Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:«Мардум рӯзи растохез дар замини сафед ва ғуборолӯд гирд меоянд, монанди як сафҳаи пок, ки барои ҳеҷ кас дар он ҳеҷ нишонае нест»(Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Сафед ва бидуни ҳеҷгуна нишона ва аломат мегардад.
4. Мардум чизҳоеро мебинанд, ки ба дидани он одат надоштаанд. Онҳо канори ҳам қарор гирифтани моҳу хуршедро мушодиҳа мекунанд, ки сабаби изтироб ва парешонии бештар мешавад. Аллоҳи мутаол мефармояд:{Онгоҳ, ки чашм хира шавад (7) ва моҳ тира гардад (8) ва хуршеду моҳ ба ҳам оварда шаванд (9) инсон он рӯз мегуяд: роҳи гурез куҷост (10)}
[Сураи Қиёмат, ояти 7-10].
5. Дамидан дар сӯр, ки он поёни ин зиндагии дунё аст ва онгоҳ, ки он рӯз фаро расад, дар сӯр дамида мешавад ва бо он дамидан, зиндагӣ дар замин ва осмон поён мепазирад.
{Ва дар сӯр дамида шавад, онгоҳ осмониён ва заминиён (ҳамагӣ) бимиранд, магар касе, ки Худованд хоста бошад}.
[Сураи Зумар, ояти 69],
Он дамидани ваҳшатнок ва ҳалокунанда аст, шахс онро мешунавад ва чунон ваҳшатзада мешавад, ки қодир ба васияту супориши чизе намегардад ва наметавонад пеши зану фарзандон ва дӯстони худ боз гардад.{Ҷуз чашм ба роҳи бонги маргбор нестанд, ки дар ҳоле ононро фаро мегирад, ки душманӣ меварзанд (49) пас наметавонанд васияте кунанд ва на ба сӯи хонаводаи хеш боз гарданд (50)}.
[Сураи Ёсин, ояти 49-50].
Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:«Сипас дар сӯр дамида мешавад ва ҳар кас онро шунавад, гарданаш каҷ мешавад ва аз шиддати он ҳушу ҳавои худро аз даст медиҳад- мегӯяд- нахустин касе, ки онро мешунавад, фардест, ки ҳавзи худро гилолӯд мекунад, то шутурон аз он бинушанд- мегӯяд- пас беҳӯш мешавад ва мардум низ беҳӯш мешаванд»
(Ривоят аз Муслим аст).
6. Гирд омадани инсонҳое, ки аз оғози офариниш то поёни он дар рӯи замин офарида шудаанд: ҳамагӣ дар саҳрои маҳшар ҷамъ мешаванд. Инсонҳо ва ҷинҳо аз нахустин то охирин ва ҳатто ҳайвоноти онҳо. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Дар ин (амр) барои касе, ки аз азоби охират битарсад, нишонаест. Он рӯз, рӯзест, ки мардум дар он гирд оварда мешаванд ва он рӯз рӯзест, ки (ҳама) ҳозир оянд}.
[Сураи Ҳуд, ояти 103].
Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Бигӯ: бегумон пешиниён ва пасиниён (49) дар мавъиди рӯзи муайян гирд оварда мешаванд (50)}.[Сураи Воқеаҳ, оёти 49-50].
7. Мардум урён ба ҳамон сон, ки Худованд ононро офаридааст, ҳашр мешаванд, аммо аз шиддати он рӯз ба чизе таваҷҷуҳ намекунанд. Модари мӯминон Ойиша (Аллоҳ аз Ӯ розӣ бод) аз он вазъ шигифт зада шуд. Аз Ӯ ривоят шудааст, ки фармуд: «Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармуданд: “Шумо побараҳна, урён ва хатнаношуда, ҳашр мешавед”. Ойиша (р) гуфт: эй Расули Аллоҳ! Мардону занон ба ҳам нигоҳ мекунанд? Фармуд: вазъияту ҳолат бисёр сахттар аз он аст, ки ба ин умур мутаваҷҷеҳ шаванд» (Ривоят аз Бухорӣ аст).
8. Қисоси мазлум аз золим, ҳатто дар байни ҳайвонот. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Шумо рӯзи қиёмат ҳуқуқро ба соҳибонашон адо мекунед, ҳатто қисоси гусфанди бешох аз гусфанди шохдор ҳам гирифта мешавад». (Ривоят аз Муслим аст).
Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:
«Ҳар кас дар ҳаққи касе беадолатӣ карда ва нисбат ба мол ё обрӯи вай беадолатӣ кардааст, бояд имрӯз аз ӯ бахшиш пурсида, ҳалол кунад, пеш аз омадани он рӯзе, ки на дирҳаме бошад ва на диноре. Агар ӯро амали нек бошад, ба андозаи зулму беадолатӣ аз ӯ гирифта мешавад ва агар амали неке надошта бошад, аз гуноҳони тарафаш бардошта ва бар ӯ бор мекунанд» (Ривоят аз Бухорӣ аст).
9. Наздикии хуршед ба мардум, то ҷое, ки баробар бо кирдорашон дар арақи худ ғарқ мешаванд. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:
«Рӯзи растохез хуршед наздик мешавад, то ба наздикии як мил мерасад. Салим бин Омир гуфт: ба Аллоҳ савганд ман намедонам манзӯр аз мил чист, оё масофаи мушаххас дар замин аст, ё ҳамон милае, ки бо он сурма ба чашм мекашанд. Фармуд: пас мардум ба андозаи аъмолашон дар арақ ғарқ хоҳанд буд, бархе то буҷулаки по ва бархе то зонӯ ва бархе то сина дар арақ хоҳанд буд ва бархи дигарро комилан ғарқ мекунад-ва Расули Аллоҳ ба даҳонаш ишора карданд».
(Ривоят аз Муслим аст).
10: Бархе номаҳои аъмолашонро ба дасти рост ва бархи дигар ба дасти чап мегиранд ва мардум дар ҳолати тарсу ваҳшат ва саргардонӣ барҷо мемонанд, то номаи аъмоли ҳамагӣ пахш шавад ва мӯминон башорат ёбанд, ки наҷоти онон наздик буда ва номаи аъмоли онҳо дар дасти рости онҳо ҷо мегирад ва ғаму ғӯсаи кофирон бо истиқрори номаи аъмолашон дар дасти чап, афзуда мешавад, ин подоше баробар бо кирдорашон аст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Пас аммо касе, ки корномааш дар дасти рости ӯ дода шавад, мегӯяд: бигиред корномаамро бихонед (19) ман яқин доштам, ки ман ба ҳисобам хоҳам расид (20) пас ӯ дар зиндагонии писандидае хоҳад буд (21) дар биҳишти баррин (22) ки меваҳояш дастрас аст (23) ба (подош) он чӣ дар рӯзгори гузашта пеш фиристодаед, гуворо бихуред ва биёшомед (24) ва аммо касе, ки корномааш ба дасти чапи ӯ дода шавад, гӯяд: эй кош корномаам ба ман дода намешуд (25) ва намедонистам ҳисоби (корам) чист (26) эй кош марг яксара ва доимӣ буд (27) молам бароям фоидае накард (28) фармонравоиям аз (дасти) ман рафт (ва нобуд шуд) (29)} [Сураи Ҳоққаҳ, ояти 19-29].
11. Тарсу ваҳшат ва бетобию нигаронӣ: тавре, ки фард аз ҳеҷ кас чизе намепурсад ва ҷуз нафси хеш каси дигар барояш муҳим нест. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Рӯзе, ки молу фарзандон сӯде набахшанд}
[Сураи Шуаро, ояти 88].
Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Рӯзе, ки инсон аз бародараш бигрезад (34) ва аз модару падараш (35) ва аз ҳамсару фарзандонаш (низ бигрезад) (36) ҳар касе аз онон-он рӯз- кору боре дорад, ки барояш кифоят мекунад (37)}
[Сураи Абаса, ояти 34-37].
Панҷум: Имон ба ҳисобу китоб:
Банда бар асоси амалаш ҳисоб гирифта мешавад ва подошу кайфар меёбад. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Бешак бозгашти онон ба сӯи мост (25) онгоҳ ҳисобашон (низ) бар мост (26)}.
[Сураи Ғошия, оёти 25-26].
Ва мефармояд: {Ҳар кас некӣ кунад, даҳ чанди он (подош) дорад ва ҳар кас бадӣ кунад, ҷуз ба монанди он кайфар наёбад ва онон ситам нахоҳанд шуд}. [Сураи Анъом, ояти 160].
Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва рӯзи қиёмат тарозӯҳои дурустро дар байн ниҳем ва касе ситаме набинад ва агар (амали неку бади ҳар шахс) монанди донаи хардале бошад, онро (дар байн) меоварем ва мо ҳисобрасиро кифоят мекунем}. [Сураи Анбиё, ояти 47].
Аз Ибни Умар (р) ривоят шудааст, ки Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармуданд:
«Худованд ба банда наздик мешавад, то ҷое, ки ӯро зери сояи худ мегирад ва ӯро мепӯшонад ва ба ӯ мегӯяд: оё фалон гуноҳ ва фалон гуноҳ ёдат меояд? Посух медиҳад, “оре эй Парвардигор”, то ин, ки аз ӯ барои тамоми гуноҳонаш эътироф мегирад ва фард чунин гумон мекунад, ки ӯ ҳалок шудааст. Худованд мефармояд: ман ин гуноҳонро дар дунё пӯшондам ва имрӯз онҳоро мебахшам. Ва фармуд: пас аъмолномаи корҳои некаш ба ӯ дода мешавад. Аммо кофирону мунофиқонро дар ҳузури ҳамаи махлуқот ба фарёд мезананд» {инҳо касоне ҳастанд, ки бар Парвардигорашон дуруғ бастанд, огоҳ бошед, ки лаънати Аллоҳ бар ситамкорон аст}. [Сураи Ҳуд, ояти 18] (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Дар ҳадиси қудсӣ аз Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ривоят шудааст, ки аз Парвардигораш нақл мекунад: «Бешак Худованд некиҳо ва бадиҳоро навишта ва сипас онҳоро баён доштааст, ҳар кас қасди анҷоми кори некеро бикунад, аммо онро анҷом надиҳад, Худованд як некии комил барояш менависад ва агар қасди онро намуд ва онро анҷом дод, даҳ баробар, то ҳафтсад баробар барояш подош навишта мешавад ва агар қасди анҷоми кори бадеро намуд ва онро анҷом надод, Худованд барояш як некии комилро сабт мекунад ва агар қасд кард ва онро анҷом дод, фақат як бадӣ барояш менависад».
(Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Тамоми мусалмонон бар ин иттифоқ доранд, ки ҳисобу китоб бар аъмолу кирдор сурат мепазирад ва он муқтазои ҳикмат аст, зеро Худованди баландмартаба китоб нозил кард ва паёмбаронро фиристод ва бар бандагон имон бар онҳо ва итоат аз онҳоро лозим гардонд ва ҳушдор дод, ки ҳар кас аз онҳо итоат накунад ва ба онҳо имон наёварад, дӯчори азоби сахте хоҳад шуд.
Агар дар онҷо ҳисобу китобе набошад, ин кор беҳуда мешавад, чизе, ки Худованд аз он поку муназзаҳ аст ва Аллоҳи мутаол дар ин суханаш ба ин амр ишора кардааст:
{Пас албатта аз касоне, ки (Паёмбар) ба сӯи онон фиристода шуд, пурсиш мекунем ва албатта фариштагонро (низ) мавриди пурсиш қарор диҳем (6) онгоҳ аз рӯи илм бар онон ҳикоят хоҳем кард (ва аз ҳолашон ғофил ва) ғоиб набудаем (7)} [Сураи Аъроф, оёти 6-7].
Шашум: Имон ба биҳишу дӯзах:
Ин ду манзилгоҳи ҷовидонии махлуқот ҳастанд: биҳишт ҷойгоҳи неъматҳоест, ки Худованд ба мӯминони парҳезгор, касоне, ки имон оварданд ба он чӣ аз Худованд барои онҳо имон овардан ба онро воҷиб кардааст ва ба пайравӣ аз Худованд ба по хестанд ва дар ин масир бо Худованд мухлис ва пайрави Расулаш буданд, ваъда додаст. Дар биҳишт анвои неъмат вуҷуд дорад, “он чӣ, ки ҳеҷ чашме надида ва ҳеҷ гуше васфи онро нашунида ва ба зеҳни касе хутур накардааст. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Бешак ононе, ки имон овардаанд ва корҳои шоисат кардаанд, инҳо беҳтарини офаридагонанд (7) подошашон дар назди Парвардигорашон боғҳои ҷовидонаест, ки аз зери онҳо дарёҳо равон аст, дар он барои ҳамеша ҷовидон хоҳанд буд. Худованд аз онон хушнӯд шуд ва (онон низ) аз Ӯ хушнӯд шуданд. Ин (подош)и касест, ки аз Парвардигораш бимнок бошад (8)}[Сураи Байинаҳ, оёти 7-8].
Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Пас ҳеҷ кас намедонад, ки аз он чӣ мояи равшании чашм аст, чӣ чизе барояшон ниҳон дошта шудааст, ба (поси) он чӣ мекарданд, подош ёфтанд} [Сураи Саҷда, ояти 17],
Ва беҳтарини неъматҳо, нигаристан ба чеҳраи Аллоҳи мутаъол дар биҳишт аст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Он рӯз чеҳраҳое тоза (ва хуррам) ҳастанд (22) назорагар ба Парвардигорашон ҳастанд (23)}
[Сураи Қиёмат, оёти 22-23].
Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Касоне, ки накӯкорӣ карданд, накӯии (биҳишт) ва афзудае бар он доранд} [Сураи Юнус, ояти 26].
Мурод аз (ҳусно) некӯӣ: биҳишт аст ва мурод аз (зиёда) нигаристан ба рӯи Аллоҳ аст, ҳамон гуна, ки Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармудааст:
«Он гоҳ, ки биҳиштиён вориди биҳишт мешаванд, Аллоҳи мутаол мегӯяд: оё мехоҳед чизи афзун ба шумо бидиҳам? мегӯянд: оё суратҳои моро сафед накардӣ ва моро дар биҳишт ворид насохтӣ ва аз оташ раҳо накардӣ? фармуд: пас ҳиҷоб бардошта мешавад, пас ҳеҷ чизро маҳбубтар аз нигаристан ба рӯи Парвардигорашон надиданд. Сипас Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ин оятро тиловат карданд»:
(Ривоят аз Муслим аст).
{Касоне, ки накӯкорӣ карданд, накӯии (биҳишт) ва афзудае бар он доранд} [Сураи Юнус, ояти 26].
Аммо оташ: он чойгоҳи азобест, ки Худованд барои кофирони ситамгор омода кардааст, касоне, ки ба Худованд куфр варзида ва бо Расулони Ӯ мухолифат менамуданд. Дар он анвои азобу танбеҳ муҳайё мебошад, чизҳое, ки ба зеҳни касе нарасидааст. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Ва аз оташе, ки барои кофирон омода шудааст, битарсед}.
[Сураи Оли Имрон, ояти 131].
Ва мефармояд: {Бешак мо барои ситамкорон оташеро, ки сари пардаҳояш ононро иҳота ҳоҳад кард, омода кардаем ва агар талаби кӯмак кунанд, бо обе ҳамонанди миси гудохта, ки чеҳраҳоро бирён кунад, ба додашон расанд, бисёр бад шаробест ва (ҷаҳаннам) бад оромгоҳест}.
[Сураи Каҳф, ояти 29]
Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Бешак Худованд кофиронро лаънат кардааст ва барояшон оташи фурузон фароҳам сохтааст (64), ки ҳамвора дар онҷо ҷовидонанд. Ҳеҷ дӯсту ёдрасе надоранд (64) рӯзе, ки чеҳраҳояшон дар оташ гардонида шавад, гӯянд: эй кош мо аз Худованд ва Расули (Ӯ) итоат мекардем (66)} [Сураи Аҳзоб, ояти 64-66],
Сабуктарин азоби дӯзахиёнро Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) чунин васф мекунад:
“Сабуктарин азоби рӯзи қиёмат аз он шахсест, ки дар зери кафи пояш лахча гузошта мешавад, ки ба сабаби он мағзи ӯ дар сараш меҷӯшад” (Ривоят аз Бухорӣ аст).
Самароти имон ба рӯзи охират:
1. Амалӣ шудани як рукне аз аркони имон ба Худованд, зеро имон ба Худованд бидуни имон ба рӯзи қиёмат, таҳаққуқ пайдо намекунад. Ин аз ҷумлаи аркони имон аст ва ба ҳамин сабаб Худованд ҷанг бо касоне, ки ба он имон надоранд, воҷиб гардондааст. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Биҷангед бо касоне, ки ба Худованд ва рӯзи охират имон надоранд}. [Сураи Тавба, ояти 29].
2. Амният дар дунё ва охират ва ваъдаи ёфтани подоши бузуруг. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Огоҳ бош, ки дӯстони Аллоҳ биме бар онҳо нест ва на онон андуҳгин шаванд}. [Сураи Юнус, ояти 62].
3. Ваъдаи дарёфти подоши бузург. Аллоҳи мутаолмефармояд: {Бешак касоне, ки имон оварданд ва яҳудиёну тарсоён ва собиъин (бединон), ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон оварда ва корҳои шоиста анҷом дода бошанд, подошашон назди Парвардигорашон хоҳанд дошт ва на биме бар онон аст ва онон андуҳгин шаванд}. [Сураи Бақара, ояти 62].
4. Ташвиқ барои анҷоми корҳои нек: Аллоҳи мутаол мефармояд: {Эй касоне, ки имон овардаед, итоат кунед аз Аллоҳ ва расули (Ӯ) ва аз соҳибони амратон (ҳам) итоат кунед. Ҳаргоҳ дар чизе ихтилоф кардед, агар ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон доред, онро ба Аллоҳ ва расулаш баргардонед, ин беҳтар ва неканҷомтар аст}. [Сураи Нисо, ояти 59].
Ва мефармояд:{Фақат касе масҷидҳои Аллоҳро обод мекунад, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон оварда бошад}. [Сураи Тавба, ояти 18].
Модари мӯминон Ойиша (Аллоҳ аз Ӯ розӣ бод) ба зане гуфт: маргро бисёр ёд кун, зеро сабаби нармӣ ва латофати қалб мегардад.Ва мефармояд: {Бешак барои шумо, барои касе, ки ба (подоши) Аллоҳ ва рӯзи қиёмат умед дорад ва Аллоҳро бисёр ёд мекунад, дар Расули Аллоҳ сармашқи некест} [Сураи Аҳзоб, ояти 21].
Ва мефармояд: {Бешак дар онон бароятон сармашқи накӯст, барои касе (аз шумо), ки ба (лиқои) Аллоҳ ва рӯзи охират умедвор аст} [Сураи Мумтаҳина, ояти 6].
Ва мефармояд: {Ва гувоҳиро барои (ризои) Аллоҳ адо кунед, ин (ҳукми) касест, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон дорад} [Сураи Талоқ, ояти 2].
5. Аз анҷоми корҳои бад ва мункар ҷилавгирӣ мекунад: Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва агар ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон доранд, пинҳон доштани он чӣ Худованд дар раҳмҳояшон офаридааст, барои онҳо раво нест} [Сураи Бақара, ояти 228].
Ва мефармояд: {Ва чун занонро талоқ додед, пас ба миъоди худ расиданд (яъне идаашон ба интиҳо наздик шуд) ишонро аз никоҳ кардан бо шавҳарони хеш манъ масозед, вақте, ки бо якдигардар дар миёни хеш ба равиши писандида розӣ шуданд. Ин ҳукм писандида мешавад ба ҳар он касе аз шумо, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон дошта бошад }
[Сураи Бақара, ояти 232].
Ва мефармояд: {Касоне, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон доранд (дар сарпечӣ аз) он, ки бо молҳо ва ҷонҳояшон ҷиҳод кунанд, аз ту иҷозат намехоҳанд ва Худованд ба (ҳоли) парҳезгорон доност (44) фақат ононе аз ту иҷозат мехоҳанд, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон намеоранд ва дар дилҳояшон шак доранд, пас онон дар шаки худ саргардон мешаванд (45)} [Сураи Тавба, ояти 44-54].
Ба ҳамин сабаб касе, ки ба рӯзи охират имон надорад, аз анҷоми корҳои зишт ва мункар худдорӣ намекунад ва аз иртикоби онҳо шарму ҳаё намекунад.
{Оё дидӣ касеро, ки ҷазои аъмолро дуруғ мепиндорад (1) он шахс ҳамон касест, ки ятимро (бо иҳонат аз худ) меронад (2) ва бар хурок додани бенаво тарғиб намекунад (3)} [Сураи Моъун, ояти 1-3].
Ҳасан (Аллоҳ аз Ӯ розӣ бод) мегӯяд: касе, ки маргро шинохт, мусибатҳои дунё барояш осон мешавад. 6. Дилбардорӣ кардани мӯмин аз он чӣ, аз неъматҳо ва подоши дунё аз даст медиҳад. Биҳишт он растагории бузург аст ва зиндагии дунё ҷуз асбоби ғурур чизе нест. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ҳар мавҷуди зиндае чашандаи (таъми) марг аст ва ҷуз ин нест, ки подошҳоятонро дар рӯзи қиёмат ба тамом ва камол хоҳед ёфт, пас ҳар кас, ки аз оташи (ҷаҳаннам) дӯр дошта ва ба биҳишт дароварда шавад, растагор аст ва зиндагии дунё ҷуз мояи фиреб нест} [Сураи Оли Имрон, ояти 185]. Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Бигӯ: бешак ман агар аз Парвардигорам нофармонӣ кунам, аз азоби рӯзи бурузг метарсам (15) ҳар кас, ки дар он рӯз (азобро) аз ӯ боздоранд, ба ростӣ (Худованд) ба ӯ раҳмат овардааст ва ин аст комёбии ошкор (16)}.(Шайхулислом)