Аллоҳ подшоҳи фармонраво ва соҳиби қудрати мутлақ аст..

 Аллоҳ подшоҳи фармонраво ва соҳиби қудрати мутлақ аст..

Аллоҳ подшоҳи фармонраво ва соҳиби қудрати мутлақ аст..

Бешак Аллоҳ фармонравост..

{Подшоҳи поку солим аз ҳар айб}..[Сураи Ҳашр, ояти 23].

“Малик”: соҳиби азамату кибирё аст, ки умури бандагонашро тадбир мекунад ва ҳукми Ӯ дар байни онҳо иҷро мешавад, пас онҳо бандагон ва ниёзманди Ӯҳастанд ва Ӯ поҳшоҳ ва фармонравоӣ онҳо аст.

Поҳшоҳии мутлақ аз они Ӯст ва ҳеҷ подшоҳ ва раисе нест, магар ин, ки бандаи Ӯст, дар осмону замин ҳеҷ хайру хубие нест, магар ин, ки аз бахшиш ва фазли Ӯст.

{Он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, аз они Ӯст}.
[Сураи Бақара, ояти 255].

“Фармонраво”: бидуни ҳисоб мебахшад ва бар бандагони худ фаровон ато мекунад ва ин бахшиш чизе аз подшоҳии Ӯ кам намекунад, ҳеҷ коре Ӯро аз кори дигаре боз намедорад. Дар ҳадиси саҳеҳи қудсӣ омадааст:

«... агар аввали шумо ва охири шумо ва тамоми инсонҳо ва ҷин дар як саҳро ҷам шаванд ва аз ман тамоми хостаҳояшонро дархост кунанд, пас барои ҳар як дархосташро бидиҳам, чизе аз он чӣ пеши ман аст, кам намешавад, магар ба ҳамон миқдор, ки фурӯ рафтани сӯзан дар дарё аз он кам кунад..»
(Ривоят аз Муслим аст)

“Фармонраво”: мулкашро бар ҳар касе, ки хоҳад медиҳад. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Бигӯ: бори Худоё, эй дорандаи мулк! ба ҳар кас, ки хоҳӣ фармонравоӣ медиҳӣ ва аз касе, ки хоҳӣ бозпас мегирӣ ва ҳар киро хоҳӣ иззату обрӯ медиҳӣ ва ҳар киро хоҳӣ хор месозӣ, некӣ ба дасти туст, бешак ту бар ҳар чизе тавоноӣ}.
[Сураи Оли Имрон, ояти 26].

“Фармонравои мутлақ”: соҳиби тамоми махлуқот, тасарруфкунанда дар байни онҳо дар дунё ва охират аст, пас бояд ба сӯи Ӯ бозгарданд ва ба Ӯ паноҳ баранд ва аз додани он чӣ назди Ӯст, тамаъ варзанд ва дар дуо ва фарёдхоҳӣ исрор варзанд.

Бешак Аллоҳ подшоҳ ва фармонраво ва соҳиби фармонравоист..



Tags: