Бешак Ӯ Аллоҳи сутуда аст
Дар Зот, кирдору ахлоқ ва ақволаш сутудааст, дар ин ҳастӣ ҷуз он Зоти беолоиш, ҳеҷ сутудаи дигаре вуҷуд надорад, сипосу ситоиши комил аз они Парвардигори пок ва беолоиш аст.
“Сутуда”: Ӯ дар Зот ва сифоту асмо ва афъолаш сутуда ва балки Ӯ дорои беҳтарин номҳо ва комилтарин ва накӯтарини сифот аст. Афъоли Ӯ дар байни адлу некӯӣ мегардад, пас ҳамду сипос фақат турост, эй Зоте, ки китобатро ба мо нозил кардаӣ ва азамату бузургиатро барои мо баён намудаӣ ва Паёмбарат- Муҳаммад- (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод)-ро ба сӯи мо фиристодаӣ.
Бешак Ӯ Аллоҳи сутудааст..