Аллоҳ шунавои биност..

 Аллоҳ шунавои биност..

Аллоҳ шунавои биност..

Бешак Аллоҳ шунавои биност..

Эй шунаво! дуои моро бишнав ва онро иҷобат кун, зеро ту ба кирдори мо ва кӯтоҳиҳо ва ниёзмандиҳои мо биноӣ ва мо фақат ниёзмандиҳои худро пеши ту меорем.

“Аллоҳ шунавост”: тамоми садоҳои заифу қавиро шунида ва як садо Ӯро аз шунидани садои дигар ва садои як соил, Ӯро аз шунидаи садои соили дигар, боз намедорад.

“Аллоҳ биност”: ҳамаи чизро мебинад, ҳар чанд кӯчак ва ё бузург бошад, дар шаб ё рӯз пинҳон бошад.

“Шунаво”: суханро бо вуҷуди ихтилофи забонҳо ва гуногунии лаҳҷаҳо, мешунавад.

“Биност”: ҳаракати пои мурчаи сиёҳро дар шаби торик бар харсанги сахт мебинад ва он чӣ дар зери ҳафт замин ва он чӣ болои ҳафт осмон аст, мебинад.

“Шунавои биност”: ҳеҷ чизе бар Ӯ махфӣ намемонад, ҳеҷ амри аҷибу ғариб ва истисно ва саргардону ғайри саргардон бар Ӯ пинҳон намемонад.

Бешак Аллоҳ шунавои биност..

“Шунавои биност”: сухани туро мешунавад, пас насфатро муҳосаба кун ва дуоятро мешунавад, пас дар дуо исрор кун ва амали туро мебинад, пас ҳеҷ амре бар Ӯ пинҳон намемонад, пас некӣ кун, зеро Аллоҳ накӯкоронро дӯст медорад.

Tags: