Ҳамон гунае, ки тавҳид ва имон дар қалби мӯмин ва рафтори фардии шахс намоён мешавад, ҳамчунин дар кирдору рафтори иҷтимоӣ ва дар таъомул бо мардум ҳам худро намоён мекунад. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Бешак ман барои такмил кардани ахлоқи накӯ ва писандида барангехта шудаам».(Ривоят аз Байҳақӣ аст).
Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) байни имон ва ахлоқ робита барқарор мекунад ва мефармояд: «Комилтарини мӯмин аз рӯи имон бо ахлоқтарин ва меҳрубонтарини онҳо бо хонаводаашон аст».(Ривоят аз Тирмизӣ аст).
Фарди муваҳҳид муроқибату назорати Аллоҳро эҳсос мекунад ва мебинад, ки иҳотаи Ӯ бар бандагон бештар барои меҳрубонӣ ва раҳмат бар онҳо дар арсаҳои мухталифи зиндагӣ мебошад.
Дар хона ва хонавода:
1- Ҳамзистӣ бо падару модар:
Муваҳҳид нисбат ба ҳаққи падару модар бисёр ҳассос буда ва дар адои ҳаққи онҳо кӯтоҳӣ намекунад. Аллоҳи мутаол дар китобаш онҳоро дар канори ҳам оварда ва фармудааст: {Ва Парвардигорат (чунин) ҳукм кард, ки ҷуз Ӯро мапарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Агар яке аз он ду ё ҳар дуи онҳо дар назди ту ба (синни) пирӣ расиданд, (ҳатто) ба онҳо “уф” магӯ ва бар онон бонг мазан ва ба некӣ бо онон сухан гӯ (23) ва аз (рӯи) меҳрубонӣ боли фурутанӣ бар онон бигустарон ва бигӯ: Парвардигоро! онҳоро раҳм кун, ҳамчуноне, ки дар сини хурдсолӣ маро парвариш доданд (24) Парвардигоратон ба он чӣ дар дилҳоятон аст, огоҳтар аст, агар накӯкор бошед (бидонед) ки Ӯ бар тавбакунон омӯрзанда аст (25}.
[Сураи Исро, ояти 23-25],
Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ба инсон нисбат ба падару модараш ба некрафторӣ амр кардем ва агар бихоҳанд туро во доранд то чизеро, ки ба (ҳақиқати) он донише надорӣ, ба ман ширк оварӣ, аз онон итоат макун. Бозгашти шумо ба сӯи ман аст, онгоҳ шуморо ба (ҳақиқати) он чӣ мекардед, хабар диҳам}.[Сураи Анкабӯт, ояти 8].
2- Муошират бо фарзандон:
Бо вуҷуди ин, ки фарзандон зинат ва ороиши дунё ҳастанд ва Аллоҳи мутаол дар бораи онҳо мегӯяд:
{Молу фарзандон зинати ҳаёти дунё аст}[Сураи Каҳф, ояти 46],
Аммо тавҳиде, ки дар дили мӯмин аст, ӯро ба тарбияти фарзандонаш фаро мехонад. Аллоҳи мутаол мӯминонро бар асоси имонашон ба ҳифзи худ ва хонаводаашон аз оташи дӯзах фаро хонда ва фармудааст: {Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонаводаатонро аз оташе ҳифз кунед, ки ҳезӯмаш одамон ва сангҳо хоҳад буд? (низ) бар он фариштагони дуруштхӯ ва сахтгир (муваккаланд), ки Аллоҳро дар он чӣ ба онон фармон диҳад, нофармонӣ намекунанд ва он чиро фармон меёбанд, анҷом медиҳанд}.[Сураи Таҳрим, ояти 6],
Ва масъулиятро бар дӯши ҳар сарпараст қарор додааст. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Ҳамаи шумо сарпараст ва масъули зердастонатон ҳастед, имом сарпараст ва масъули зердастони хеш аст ва мард дар хонаводааш масъул ва сарпараст аст ва зан дар хонаи шавҳари худ сарпараст ва масъул буда ва ходим масъул ва сарпарасти моли оқои худ аст».(Ривоят аз Бухорӣ аст).
3- Рафтор бо зан:
Яктопараст ҳаққи ҳамсарро ба ҷо оварда ва аз Аллоҳ метарсад ва Ӯро муроқиб ва нозири чигунагии рафтори худ бо ҳамсараш мебинад. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва занон аз ҳамчӯ ҳаққе, ки (шавҳарон) ба таври шоиста бар онон доранд, бархурдоранд}.
[Сураи Бақара, ояти 228],
Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Беҳтарини шумо касест, ки беҳтарин рафторро бо ҳамсару хонаводаи худ дошта бошад ва ман беҳтарини шумо дар хонаводаам ҳастам..».(Ривоят аз Тирмизӣ аст).
Ва замоне, ки теъдоде аз занон омада ва аз рафтори ҳамсаронашон пеши ҳамсарони Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) шиква карданд, Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармуд: «Беҳтарини шумо хӯшрафтортарини шумо бо ҳамсараш мебошад».
(Ривоят аз Ибни Моҷа аст).
4- Рафтор бо шавҳар:
Тавҳид сабаби эҷоди хашят аз Аллоҳ дар қалби занони мӯмин шуда ва натиҷаи он қиём ба ҳаққи ҳамсараш мебошад, то ба биҳишти Парвардигор даст ёбад. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Ҳар вақте зан намози панҷгонаи худро хонд ва моҳи Рамазонро рӯза гирифт ва покдоманӣ ихтиёр кард ва аз ҳамсараш итоат намуд, ба ӯ гуфта мешавад, ки аз ҳар даре, ки мехоҳӣ вориди биҳишт шав»
(Ривоят аз Аҳмад аст)
Ва Аллоҳи мутаол ба зан амр карда, то мардро беш аз тавонаш таклиф накунад. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Бояд, ки доро аз дороии худ нафақа кунад ва касе (ҳам), ки рӯзияш танг шудааст, бояд аз он чӣ Аллоҳ ба ӯ додааст, нафақа кунад. Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба (мизони) он чӣ ба ӯ додааст, мукаллаф намекунад. Аллоҳ пас аз тангдастӣ осоиш падид хоҳад овард}.[Сураи Талоқ, ояти 7].
Ва бидуни узр аз мард дархости талоқ накунад. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Ҳар зане, ки бидуни узр аз ҳамсараш дархости талоқ кунад, бӯи биҳишт бар ӯ ҳаром аст».(Ривоят аз Аҳмад аст).
Рафтор бо хешовандону ҳамбастагон:
Ҳифзи робитаи хешовандӣ ва ҳаққи ҳамсоягӣ:
Аллоҳи мутаол байни ибодату тавҳиди худаш ва рафтору ахлоқи муваҳҳид бо хешон ва наздикону ҳамсоягон рабт барқарор намудааст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва Аллоҳро бипарастед ва чизеро бо Ӯ шарик масозед ва ба падару модар некӣ кунед ва (низ) ба наздикону ятимон ва бенавоён ва ҳамсояи хешовандон ва ҳамсояи бегона ва ҳамнишин ва дар роҳмонда ва милки яминатон (некӣ кунед). Бешак Аллоҳ касеро, ки мутакаббири худсито бошад, дӯст намедорад}. [Сураи Нисо, ояти 36].
Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Пас ба хешованд ҳақашро бидеҳ ва (низ) ҳаққи бенаво ва дар роҳмондагонро, ин барои касе, ки хушнӯдии Аллоҳро меҷӯяд, беҳтар аст ва инҳо растагоронанд}. [Сураи Рӯм, ояти 38],
Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Ҳар кас ба Аллоҳ ва рӯзи охират бовар дорад ба ҳамсояи худ некӣ кунад».
(Ривоят аз Муслим аст).
Рафтор дар кор ва таъомул бо тамоми мардум:
Имон дар қалби фарди мӯмин ва яктопараст, сабаби некӣ барои мардум ва ростӣ дар рафтор мешавад ва ин аз бофазилаттарин аъмолест, ки мӯмин ба воситаи он ба Аллоҳ наздик мешавад:
1- Рафтори накӯ:
Аллоҳи мутаол дар васфи Паёмбараш Муҳаммад (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: {Бешак ту аз ахлоқи бузурге бархурдор ҳастӣ}
.[Сураи Қалам, ояти 4].
Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Бештарин чизе, ки сабаби духули мардум дар биҳишт мешавад, тақвои илоҳӣ ва ахлоқи накӯ аст».(Ривоят аз Тирмизӣ аст).
ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Маҳбубтарини мардум дар назди Аллоҳ сӯдмандтарини онҳо ва беҳтарин амал шод кардани як мусалмон ё бартараф кардани ғам аз ӯ ё додани қарз ё бартараф кардани гуруснагӣ аз ӯст. Барои ман беҳтар ва хӯштар аст, ки барои кӯмак ба бародарам биравам, аз ин, ки дар масҷид- яъне масҷиди Мадина- як моҳ эътикоф бинишинам».(Ривоят аз Табаронӣ аст).
2- Сидқу ростӣ: Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Эй касоне, ки имон овардаед аз Аллоҳ битарсед ва бо ростгӯён бошед}.
[Сураи Тавба, ояти 119],
Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:
«Бешак ростӣ ба некӣ ҳидоят мекунад ва некӣ ба биҳишт, ва фард ҳамвора рост мегӯяд, то ҷое, ки ба дараҷаи ростгӯӣ ва сиддиқ будан мерасад ва дуруғ ба гуноҳ мебарад ва гуноҳ ба оташи дӯзах ва фард пайваста дуруғ мегӯяд, то ҳадде, ки дар назди Аллоҳ дуруғгӯ навишта мешавад».
(Ривоят аз Бухорӣ аст).
Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:
«Нишонаи мунофиқ се чиз аст: вақти сухан гуфтан дурӯғ мегӯяд ва ҳаргоҳ ваъда дод, хилоф мекунад ва дар амонат хиёнат меварзад».
(Ривоят аз Бухорӣ аст).
3- Хайрхоҳӣ ва фиребкорӣ накардан: Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Ҳеҷ кас нест, ки Аллоҳ ӯро бар теъдоде аз инсонҳо масъул гумошта ва ӯ ба онҳо хиёнат ва фиребкорӣ кунад, магар ин, ки Аллоҳ биҳиштро бар ӯ ҳаром мегардонад».(Ривоят аз Муслим аст).
Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар бозор гузар мекард ва дасти худро дар як халтаи гандум фуру бурд ва дид, ки дохилаш нам дорад, фармуд:
«Чаро дохилаш тар аст? Гуфт: борон задааст эй Расули Аллоҳ! фармуд: чаро қисмати тари онро дар болои халта қарор надодӣ то мардум онро бинанд, ҳар кас фиреб кунад аз мо нест»
.(Ривоят аз Муслим аст).
Имом Молик бин Анас