Мафҳуми илоҳ

 Мафҳуми илоҳ

Мафҳуми илоҳ

он маъбуди итоатшудаест, ки шоистаи парастиш аст.

{Ва Аллоҳро парастиш кунед ва чизеро бо Ӯ шарик қарор надиҳед}.[Сураи Нисо, ояти 36]

Маънои “لا اله الا الله”:

Яъне: маъбуди ростин ва барҳаққе ҷуз Аллоҳ нест.

Ва он аз ду рукни асосӣ иборат аст:

Якум: нафйи улуҳияти ҳақиқӣ аз ғайри Аллоҳи мутаъол.

Дуввум: исботи улуҳияти ҳақиқӣ барои Ӯ, на барои ғайр аз Ӯ.



Tags: