Бешак Аллоҳ ошкор аст...
{Бешак Аллоҳ ҳаққи ошкор аст}.
[Сураи Нӯр, ояти 25].
Эй Парвардигори ошкори боазамат! роҳи ҳақро барои мо ҳамвор соз ва аз иштибоҳ гирифтани он бо роҳи ботил моро паноҳ бидеҳ, эй Парвардигор!.
Аллоҳ ошкоркунанди ҳақ ва тамоми ҳақоиқ аст ва дар он ҳангом шакку шубҳа аз байн меравад.
Аллоҳ баёнгари амри ваҳдонияти худ мебошад ва Ӯ ба ҳеҷ унвон монанду шарике надорад.
“Ошкор”: бар махлуқоташ пӯшида нест, бино ба далоили ақлӣ ва шаръӣ ва ҳиссию маънавие, ки бар ҷӯду карам ва вуҷуду қудраташ ба онҳо баён доштааст.
“Ошкор”: он Зоте, ки барои бандагонаш роҳи ҳақро бо фиристодани Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ва бо китоби возеҳу ошкор, равшан сохтааст:
{Бешак аз (ҷониби) Аллоҳ барои шумо нӯр ва китоби равшан омадааст}.
[Сураи Моида, ояти 15].
Аллоҳе, ки роҳи саодатро барои бандагонаш равшан сохта ва онро дар гарави итоат аз худ ва пазириши тавҳиди худ намудааст.
Бешак Аллоҳ зоти равшан аст..