Бешак Ӯ Аллоҳ исипосгузори ҳақшинос аст..
Бешак Ӯ Аллоҳ ҳақшиност аст..
{Бешак Аллоҳ сопосгузори доност}. [Сураи Бақара, ояти 158]
{Бешак Парвардигори мо омурзандаи қадршинос аст}
[Сураи Фотир, ояти 34]
Парвардигори поку беолоиш аз амали бисёр кам ҳам қадрдонӣ мекунад ва иштибоҳоти фаровонро мебахшад ва кирдори афроди мухлисро бидуни ҳисоб чанд баробар мегардонад.
“Аллоҳ сипосгузгор аст”: ҳар кас аз Ӯ сипосгузорӣ кунад, ба Ӯ медиҳад ва ҳар кас аз Ӯ бихоҳад, мебахшад ва ёд мекунад ҳар касеро, ки Ӯро ёд кунад, ҳақшиносро афзӯн медиҳад ва насиби кофир ва ҳақношинос зиёну зарар аст. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Агар сипос кунед, ба шумо афзун медиҳам ва агар куфр варзидед, (бидонед, ки) азоби ман сахт аст}. [Сураи Иброҳим, ояти 7].
Бешак Ӯ Аллоҳи сипосгузор ва ҳақшинос аст..