Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу:

 Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу:

Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу:

Аллоҳ, ки шаъну мақоми Ӯ бисёр арзишманд аст... он маъбуди сутудашудааст..

Ҳамаи осмонҳо ва ҳар он чӣ дар онҳост ва ҳамаи заминҳо ва ҳар он чӣ дар онҳост Ӯро меситоянд...

Ва шаб ва он чӣ дар он пинҳон аст ва рӯз ва он чӣ дар он ошкор аст... ва хушкӣ ва дарё... ҳамаи онҳо тасбеҳ ва покии Ӯро баён мекунанд.

Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва ҳеҷ чиз нест, магар ин, ки бо ҳамди Ӯ тасбеҳ мегӯянд, вале шумо тасбеҳи ононро дарк намекунед}.
[Сурати Исро, ояти 44].

“Аллоҳ” шинохташудатарини маъруфҳост. Ӯ ниёзе ба муаррифӣ надорад... дилҳо Ӯро мешиносанд ва равони одамӣ дар баробари маърифати Ӯ шикаста ва муаддаб бар ҷой мемонад.

Дилҳо шефта ва шайдои “Аллоҳ” буда ва ба афву бахшиши Ӯ тамаъ ва умед дорад ва махлуқот ба ёди Ӯ унс мегиранд.

“Аллоҳ” дар дилҳои бандагони мукаллаф, парешонӣ ва ниёзмандии фитрӣ қарор додааст, ки он аз байн намеравад ва бениёз намешавад, магар замоне, ки банда ба Парвардигори арҷманд ва боазамат такя кунад.

“Аллоҳ” номи он Зоти илоҳист, ки тамоми сифоти накӯро дорост.

Ниёзи бандагон ба Аллоҳи боломартаба:

Банда ба маъво ва паногоҳе ниёз дорад, то ӯро дар ҳангоми андуҳу ғуса эмин дорад ва ӯ ба ҳамин сон офарида шудааст. Ба ҳамин сабаб ӯ дар тамоми ҳолатҳо ба Парвардигораш ниёз дорад ва барои ба даст овардани ризояти Ӯ саъй мекунад, зеро бо Ӯ дидор хоҳад кард.

Ҳаргоҳ банда ба Худованд эҳсоси ниёз кард ва барои анҷоми воҷиботи худ ба по хост ва ба он чӣ назди Аллоҳ аст, яқин кард ва бар он сабру шикебоӣ варзид, Аллоҳ ӯро аз ҷумлаи пешвоёни бандагон мегардонад ва ӯ пешвое мешавад, ки мавриди иқтидо қарор мегирад:

{Ва аз онон чун шикебоӣ варзиданд ва бо оёти мо яқин карданд, пешвоёне қарор додем, ки ба фармони мо ҳидоят мекарданд онгоҳ, ки сабр пеша карданд ва ба оёти мо яқин варзиданд}

[Сураи Саҷда, ояти 24].

Худованд шикебоӣ ва яқинро сабаби пешвоӣ дар дин қарор додааст.

Аз лутфу карами Худованд бар банда он аст, ки шинохти худашро барояш осон ва ҳамвор сохтааст.

Маълуқот ба пояи дилбастагӣ ба холиқи арҷманд ва боазамат офарида шудаанд ва ҳамчунин нисбат ба некӣ ва эҳсонкунанда ҳиси дӯстӣ доранд ва бузургтарин хайрхоҳ ва некикунанда ба онон, ки Аллоҳ, ҳамон зоти арҷманду бо азамат аст.

Ҳар тӯшае ҷуз имон поён меёбад ва ҳар пушту паноҳ ва ёваре ҷуз Аллоҳ, аз байн хоҳад рафт.

Ифтихори шинохти Худованд:

Ифтихори донишу шинохт, ба ифтихори мавриди шинохташуда аст ва ҳеҷ чиз аз Парвардигори арҷманд ва боазамат ва шинохти номҳо ва сифоти Ӯ ва шинохти ҳикмат ва ҳаққи Ӯ бар бандагон бузургвортар нест. Ба ҳамин сабаб тавҳид мағзи дин буда ва сеяки Қуръон ба шакли возеҳ тавҳидро исбот мекунад.

Дар ҳар чиз барои Ӯ нишонае ҳаст:

Худованд дар ҳар чиз аз махлуқоташ нишона ва суроғае барои расидан ба вуҷуду ягонагӣ ва камолу азамати хеш ниҳодааст, поку баландмартаба аст Худованд. Ӯ ба тафаккур ва тадаббур дар ин нишонаҳо фаро хонда ва ба мо хабар додааст, ки ин нишонаҳо барои соҳибони ақлу хирад, афроди доно ва орифу мутафакиронанд.

Нигоҳи кӯтоҳ ба бархе аз оёт дар китоби Худованд меандозем, оёте, ки барои соҳибони ақлу хирад буда ва онҳоро ба сӯи имон ба Аллоҳи яктои бениёз фаро мехонад. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва дар замин барои аҳли яқин нишонаҳоест (20) ва низ дар вуҷудатон (нишонаҳост) оё наменигаред (21)}.

[Сураи Зориёт, оёти 20-21].

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Бигӯ: бингаред, ки чӣ чиз дар осмон ва замин аст}.
[Cураи Юнус, ояти 101].

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Парвардигори шумо Аллоҳест, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, онгоҳ бар Арш мустақар шуд. (Ӯ) кори (ҳастӣ)ро тадбир мекунад ҳеҷ шафоаткунандае нест, магар баъд аз дастури вай. Инаст Аллоҳ, Парвардигори шумо, пас Ӯро бандагӣ кунед, оё панд намегиред? (3) бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ӯст. Худованд ба ваъдаи ростин (ваъда намудааст). Ӯ офариниши (ҳастӣ)ро оғоз мекунад, сипас онро боз мегардонад, то ононеро, ки имон овардаанд ва кирдори шоиста анҷом доданд, ба инсоф подош диҳад ва ононе, ки кофир шудаанд, барояшон ошомиданӣ аз оби гарм ва ғизои дарднок (дар пеш) дорад (4) Ӯ Зотест, ки хуршедро дурахшон ва моҳро равшан қарор дод ва барои он (моҳ) манзилҳо муқаррар намуд, то шумо солҳо ва ҳисобро бидонед. Худованд инро ҷуз ба ҳақ наёфаридааст. Оёти (хеш)ро барои касоне, ки медонанд, ба равшанӣ баён мекунад (5) бешак дар омаду рафти шабу рӯз ва он чӣ Аллоҳ осмонҳову замин офаридааст дар осмонҳову замин, нишонаҳост барои гуруҳе, ки парҳезгорӣ мекунанд(6)}[Сураи Юнус, оёти 3-6],

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Бешак дар офариниши осмонҳо ва замин ва рафту омади шабу рӯз, нишонаест барои хирадмандон (190) онон, ки истода ва нишаста ва бар паҳлӯи хеш Аллоҳро ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳо ва замин андеша мекунанд (ва мегӯянд) Парвардигоро! инро ботил наёфаридаӣ, покӣ барои туст, пас моро аз азоби оташи (ҷаҳаннам) ҳифз намо (191)}.
[Сураи Оли Имрон, оёти 190-191],

Ва ҳамчунни мефармояд:

{Ва (низ) дар офаринишатон ва (дар) офариниши он чӣ аз ҷонварон пароканда месозад, нишонаҳоест ба барои қавме, ки яқин мекунанд}.
[Сураи Ҷосия, ояти 4],

Ва мефармояд:

{Оё дар замин сайру гашт накардаанд, то дилҳое дошта бошанд, ки бо он (дилҳо) дарёбанд, ё гӯшҳое, ки бо он бишнаванд}.[Сураи Ҳаҷ, ояти 46],

Ва мефармояд:

{Оё ба сӯи осмон нанигаристанд, ки онро чӣ гуна сохта ва оростаем ва дар он ҳеҷ шигофе нест}.[Сураи Қоф, ояти 6],

Ва мефармояд:

{Офариниши он Аллоҳ, Зоте, ки ҳама чизро дар камоли устуворӣ падид овардааст}[Сураи Намл, ояти 88],

Ва мефармояд:

{Бегумон дар ин (амр) барои хирадмардон нишонаҳост}.
[Сураи Тоҳо, ояти 54].



Tags: