Ниёзи бандагони ниёзманд ба Худованди бениёз

  Ниёзи бандагони ниёзманд ба Худованди бениёз

Ниёзи бандагони ниёзманд ба Худованди бениёз

Эй бандагони ман..

«Эй мардум! Шумо ба Аллоҳ ниёзмандед ва Худованд бениёзу сутуда аст». ]Сураи Фотир 15[.

Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар он чӣ аз Парвардигори Азза ва Ҷалла ривоят мекунад, мефармояд:

«Эй бандагони ман! Ман ситамро бар худ ҳаром кардаам ва онро дар байни шумо низ ҳаром қарор додаам, пас бар якдигар ситам макунед. Эй бандагони ман! ҳамаи шумо гумроҳед, магар касе, ки ман ӯро ҳидоят карда бошам, пас аз ман талаби ҳидоят кунед, то шуморо ҳидоят кунам. Эй бандагони ман! ҳамаи шумо гурусна ҳастед, магар касе, ки ман ӯро сер карда бошам, пас аз ман дархости серӣ кунед, то шуморо сер кунам. Эй бандагони ман! ҳамаи шумо лучу урёнед, магар касе, ки ман ӯро либос пушонда бошам, пас аз ман дархости пӯшиш кунед, то шуморо бипӯшонам. Эй бандагони ман! шумо шабу рӯз иштибоҳу гуноҳ мекунед ва ман тамоми иштибоҳоту гуноҳонатонро мебахшам, пас аз ман дархости бахшиш кунед, шуморо мебахшам. Эй бандагони ман! шумо тавони зиёну сӯд расондан ба ман надоред. Эй бандагони ман! агар ҳамаи шумо аз нахустин то охиринатон аз одамӣ ва ҷин дорои муттақитарин қалб бошед, ин бар мамлакати ман чизе намеафзояд ва агар ҳамаи шумо аз нахуст то охиринатон аз одамӣ ва ҷин бар гунаҳкортарин қалб бошед, ин чизе аз мамлакати ман намекоҳад. Эй бандагони ман! агар ҳамаи шумо аз нахустин то охирин, аз одам ва ҷин дар як майдон ҷамъ шавед ва хостаҳои худро аз ман бипӯрсед ва ман тамоми хостаҳои шуморо бароварда созам, ин аз мамлакати ман чизе кам намекунад, магар ба ҳамон андоза, ки фурӯ рафтани сӯзане дар уқёнус аз об кам мекунад. Эй бандагони ман! инҳо аъмолу кирдори шумо ҳастанд, ки ман онҳоро барои шумо мешуморам ва подошу кайфари шуморо медиҳам, пас ҳар кас хайре ёфт, Худовандро шукргузор бошад ва ҳар кас ҷуз ин ёфт, ҷуз худаш, касеро маломат накунад».(Ривоят аз Муслим аст).

Авомиру навоҳии Худовандро риоят кун, Худованд ҳам туро аз хашму ғазаби хеш эмин медорад:

Аз Абдуллоҳ бин Аббос (Аллоҳ аз онҳо розӣ бод) ривоят шудааст, ки гуфт: “як рӯз ман бар саворе пушти Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) будам пас фармуд:

«Эй писар! ман калимотеро ба ту меомӯзам: авомиру навоҳии Аллоҳро риоят кун, Аллоҳ ҳам туро аз хашму ғазаби хеш эмин медорад. Аллоҳро фармон бар, то Ӯро ҳамеша дар баробари худ бубинӣ, ҳаргоҳ чизе пурсидӣ, фақат аз Аллоҳ бипурс ва чун ёрӣ талабидӣ, фақат аз Аллоҳ ёрӣ бихоҳ ва бидон, ки агар тамоми мардум гирди ҳам оянд, то ба ту сӯде бирасонанд, ки Аллоҳ онро нанавишта бошад, наметавонанд ба ту сӯде расонанд ва агар ҳамагӣ гирди ҳам оянд то ба ту зиёне бирасонанд, ки Аллоҳ онро муқаддар нанамудааст, наметавонанд ба ту зиёне расонанд. Қаламҳо аз навиштан бозмонда ва навиштаҳо хушк шудаанд».
(Ривоят аз Тирмизӣ аст).

Касе, ки Аллоҳро бештар мешиносад, бештар аз Ӯ метарсад

Tags: